Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як тоҷик дар Маскав тир хӯрд


Як шаҳрванди Тоҷикистон дар шаҳри Маскав маврид ҳуҷуми афроди номаълум қарор гирифтааст. Тибқи иттилои намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия, имрӯз, 8-уми март дар кӯчаи Никитинскийи ноҳияи Измаиловаи шаҳри Маскав шаҳрванди Тоҷикистон Бобохон Тошпӯлодоров аз тарафи шахсони номаълум аз туфангча тир хӯрдааст. Бар асари ин тирпаронӣ як тарафи рӯи вай осеб дида, феълан дар беморхонаи ноҳияи Исмаилова бистарӣ мебошад ва кормандони Хадамоти муҳоҷират ва консулгарӣ дар ҷои ҳодиса ҳастанд ва ҷузъияти ин ҳодисаиро мавриди омӯзиш қарор доданд. Ба иттилои Хадамоти муҳоҷират, кормандони умури дохилии ноҳияи Измаилова як нафарро ҳамчун гумонбар боздошт карданад. Бобохон Тошпӯлодов мутаваллиди соли 1979 ва сокини Ёвони вилояти Хатлон буда, дар пойтахти Русия ба таксиронӣ машғул будааст.
XS
SM
MD
LG