Рӯзи панҷшанбе раҳбарони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо барои баррасии тадбирҳое бо ҳам мулоқот мекунанд, ки чӣ тарз Маскавро барои фиристодани нируи низомӣ ба Қрими Украина ба муҷозот кашанд.
Рӯзи чаҳоршанбе Иттиҳодияи Аврупо тасмим гирифт, то дастрасӣ ба дороиҳои молии 18 нафар шаҳрвандони Украинаро масдуд кунад. Ин афрод ғайриқонунӣ маблағҳои давлатиро моли худ кардаанд.
Иттиҳодияи Аврупо то ҳол феҳристи ин афродро ба тасвиб нарасондааст, вале манобеи Иттиҳодияи Аврупо мегӯянд, ки дар ин феҳрист номи Виктор Янукович ва ҳампаймонҳои наздики вай ҳаст.
Мулоқоти фаврии Бруссел як рӯз баъд аз мулоқоти Порис баргузор мешавад. Дар мулоқоти Порис вазирони корҳои хориҷаи Украинаву Русия, Британияву Фаронса ширкат доштанд. Ҷон Керрӣ-вазири корҳои хориҷаи Амрико мулоқоти худро бо Сергей Лавров-вазири корҳои хориҷаи Русия “шадид” арзёбӣ кард ва гуфт, ки ин ду нафар бори дигар рӯзи панҷшанбе дар Рум мулоқот хоҳанд дошт.
Аз сӯи дигар, НАТО эълон кард, ки ҳамкориҳои худро бо Русия бознигарӣ, вале бо раҳбарони нави Украина робитаҳоро густариш хоҳад дод.