Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

О.Турчинов: "Русия мехоҳад Украинаро вориди як ҷанги нохоста кунад"


Олександер Турчинов, раиси ҷумҳури муваққати Украина.
Олександер Турчинов, раиси ҷумҳури муваққати Украина.

Раиси ҷумҳури муваққати Украина гуфтааст, ки Русия бо ҷойгузин кардани нерӯҳо дар шибҳи ҷазираи Қрим, мақсад дорад Киевро ба рӯёрӯии низомӣ тела диҳад.

Дар ҳамин ҳол Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико нисбат ба паёмадҳои таҳаррукоти низомии Русия дар Украина ҳушдор додааст. Ба гузориши хабаргузории "Ройтерз", Барак Обама рӯзи ҷумъаи 28-уми феврал дар Кохи Сафед гуфтааст, "амиқан нигарони гузоришҳо дар хусуси таҳаррукоти низомии Русия дар дохили Украина ҳастем."

Раиси ҷумҳури Амрико ҳушдор додааст, ки дар гуна нақзи ҳокимяти миллӣ ва тамомияти марзии Украина боиси ноамнӣ хоҳад шуд. Барак Обама гуфтааст, "Амрико ҳамроҳ бо ҷомеаи байналмилалӣ таъкид хоҳанд кард, ҳар гуна дахолати низомӣ дар Украина баҳои гарон хоҳад дошт."

ҚАСДИ РУСИЯ ТАҲРИКИ УКРАИНА

Олександер Турчинов, раиси ҷумҳури муваққати Украин рӯзи ҷумъа Русияро муттаҳам кардааст, ки бо ҷойгузин кардани нерӯ дар Қрим, қасди таҳрики Киевро дорад ва мехоҳад ин кишварро вориди як ҷанги нохоста кунад. Раиси ҷумҳури муваққати Украина, ки дар як барномаи телевизионӣ сӯҳбат мекард, гуфт, қасди Маскав ин аст, ки ҳукумати навро водор кунад, то ба иқдомоти таҳрикомез вокуниш нишон диҳад ва аз ин тариқ шибҳи ҷазираи Қримро тасарруф кунад. Александер Турчинов афзуд, ки Русия нақшаи монанд ба ончӣ дар Гурҷистон анҷом дод, барои Украина дар сар мепарваронад. Дар соли 2008 нерӯҳои русӣ ба ҷонибдории ҷудоиталабони абхаз дар Гурҷистон вориди амал шуданд ва бо нерӯҳои гурҷӣ ба ҷанг пардохтанд. Раиси ҷумҳури муваққати Украина ҳамчунин аз Владимир Путин, раиси ҷумҳури Украина хостааст, даст аз иғво дар Қрим бардорад ва нерӯҳои худро аз онҷо берун намояд.

Ба гузориши хабаргузории Франс-пресс, як мақоми баландпояи давлати нави Украина гуфтааст, ҳавопаймонҳои русӣ ҳудуди 2 ҳазор нерӯ дар пойгоҳи низомӣ дар наздикии маркази шибҳи ҷазираи Қрим пиёда кардаанд. Намояндаи вижаи раиси ҷумҳури нави Украина дар Қрим, ба як шабакаи телевизионии маҳаллӣ гуфтааст, "13 ҳавопаймои русӣ, ҳар кадом бо 130 нафар дар наздикиҳои фурудгоҳи Симферопол фуруд омаданд.

Дар ҳамин ҳол, сухангӯи Кохи Сафед рӯзи ҷумъа дахолати низомии эҳтимолии Русия дар Украинаро иштибоҳ хонда ва гуфтааст, "Амрико иқдомоти Русияро аз наздик зери назар дорад." Ба гузориши хабаргузории Олмон, сухангӯи Кохи Сафед афзудааст, "эҳтимоли мудохилаи низомии Русия дар Украина сабаби "нигаронии амиқ" дар Амрико шудааст". Сухангӯи Кохи Сафед гуфтааст, ки "Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико дар гуфтугӯи телефонӣ бо ҳамтои руси худ дар рӯзи ҷумъа нигарониҳоро иттилоъ додааст.

Дар ҳамин ҳол дар вокуниш ба изҳороти Виктор Янукович, раиси ҷумҳури барканрошудаи Украина, сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико гуфтааст, ки Виктор Янукович машрӯъияти худро аз даст додааст. Сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико гуфтааст, ки "бовар дорем" ки Янукович бо раҳо кардани масъулияти худ, машрӯъияташро аз даст додааст. Ӯ аз Украина рафтааст."


ЯНУКОВИЧ: "БАРОИ ОЯНДАИ УКРАИНА МУБОРИЗА ХОҲАМ КАРД"

Раисиҷумҳури барканоршудаи Украина Виктор Янукович рӯзи 28-уми феврал дар шаҳри Ростови лаби Дони Русия гуфт, вай “муборизаро барои ояндаи Украина идома хоҳад дод”. Виктор Янукович, ки бори нахуст пас аз тарки Киев дар шаҳри Ростови лаби Дон дар ҷануби Русия ба хабарнигорон гуфт, вай маҷбур шудааст Украинаро тарк кунад, зеро ба ҷони вай ва наздиконаш хатар таҳдид мекард. Вай афзуд: “Вақти он расид, то ман бигӯям, ки қасд дорам муборизаро барои ояндаи Украина бар зидди ононе, ки талош мекунанд аз роҳи террору тарс раҳбарии онро ба даст дароранд, идома диҳам. Ман тасмим гирифтам, ки ошкоро дар ин бора сӯҳбат кунам.”

Вай аз ҳукумати нави Украина интиқод кард ва онҳоро “фашист” ном бурд. Ба гуфтаи Янукович, ҳукумати нав аз ақаллияти аҳолии Украина намояндагӣ мекунад. Ӯ илова кард, ки Украина бояд “яклухт ва ҷудоинопазир” боқӣ бимонад.

Президенти барканоршудаи Украина ҳамчунин гуфт, замоне ба Украина хоҳад бозгашт, ки тазмини амнияти ӯ ва аҳли оилааш дода шавад. Вай изофа кард, ки қарорҳои порлумони кишвараш ғайриқонуниянд, зеро таҳти фишори афроди мусаллай гирифта шудаанд.

Янукович: "Ҳеч кас маро сарнагун накардааст"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:12 0:00


Янукович, аммо, гуфт, ягон касро ба мудохилаи ҳарбӣ даъват нахоҳад кард ва аз ҳамаи украиниҳо хост, аз хушунат ва хунрезӣ пешгирӣ намоянд. Вай инчунин аз украиниҳо узр хост, ки натавонистааст, дар ҷараёни бӯҳрон субот ва волоияти қонунро таъмин кунад.

Виктор Янукович қудратҳои ғарбиро барои ҳимояташон аз эътирозгарони зидди ҳукумати ӯ ба бемасъулиятӣ гунаҳкор кард. Вай Ғарбро ҳамчунин айбдор кард, ки зимни созишномаи 21-уми феврал бо миёнаравии онҳо амнияти ӯ таъмин карда нашуд.

Дар ҳамин ҳол, додситонҳои Украина аз Русия талаб кардаанд, ки Янукович боздошт ва ба Украина истирдод шавад. Онҳо Януковичро ба даст доштан дар куштори даҳҳо нафар дар ҷараёни тазоҳуроти зиддиҳукуматии Украина гунаҳкор медонанд.

РӮЙДОДҲОИ ҚРИМ

Вазири нави умури дохилии Украина мегӯяд, сарбозони нерӯҳои баҳрии Русия фурудгоҳҳои Севастопол ва Симферополро таҳти назорат гирифтаанд. Арсен Аваков Ин ҳолро “мудохилаи ҳарбӣ ва ишғолгарӣ” номид.

Аммо фармондеҳони флоти баҳрии Русия, ки дар бандари Севастопол пойгоҳ дорад, ширкати нерӯҳои худро дар ишғоли фурудгоҳҳо рад мекунанд.

Кафили раёсатҷумҳурии Украина Олександр Турчинов дар ҷаласаи изтирории сарони амниятии кишвараш вазъи мавҷударо баррасӣ намуд ва дар ин байн порлумони Украина аз Маскав даъват кард, аз ҳама гуна амале, ки истиқлолият ва якпорчагии Украинаро халалдор мекунад, худдорӣ намояд. Он ҳамчунин аз Иёлоти Муттаҳида, Бритониё ва Русия даъват кард, тамомияти арзии Украинаро зимни ёддошти тафоҳуме, ки дар соли 1994 ба имзо расидаасд, эҳтиром кунанд. Порлумони Украина инчунин аз Шӯрои амнияти Созмони Милал хост, бӯҳрони мазкурро арзёбӣ намояд.

Вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида, Ҷон Керрӣ, рӯзи панҷшанбе аз ҳамаи тарафҳо даъват кард, аз иғво худдорӣ намоянд. Вай гуфт, ҳамтои русаш Сергей Лавров замонат додааст, ки Русия ба якпорчагии қаламрави Украина арҷ хоҳад гузошт.

Вазъ дар Қрим, ягона минтақаи Украина, ки дар он русҳо аксариятро ташкил медиҳанд, аз замони барканории президенти рӯбамаскави Украина, Виктор Янукович шиддат гирифт. Рӯзи панҷшанбе мусаллаҳони ниқобпӯш порлумони минтақаӣ ва чанд биноим маъмуриро дар Симферопол ишғол ва дар пештоқи онҳо парчами Русияро баланд карданд. Маҷлиси Қрим дертар эълон кард, ки рӯзи 25-уми май референдуми густариши мухторияти ин минтақаро баргузор хоҳад кард.

Марде, ки мегӯяд, ба таври ихтиёрӣ ба мусаллаҳон кӯмак кард, то фурудгоҳи Симферополро зери назорат гиранд, субҳи ҷумъа гуфт, ҳадаф пешгирӣ аз густариши “радикалҳои Киев” аст.

Ин шахс, ки худро Владимир номид, мегӯяд, “Ин ташаббуси худи мост, то аз расидани оташ ба Қрим пешгирӣ кунем. Мо фашизмро дар Қрим дидан намехоҳем. Мо сулҳи Қримро мехоҳем.”

Қонунгузорони Қрим рӯзи панҷшанбе ҳамчунин ҳукумати мавҷударо барканор намуда, сарвазири навро таъин кард. Серҳий Аксёнов рӯзи ҷумъа гуфт, ҳамоно Виктор Януковичро раисиҷумҳури қонунии Украина мешуморад.
XS
SM
MD
LG