Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маргталаб худро дар Маркази фарҳангии исмоилиҳо тарконд


Бар асари ҳамлаи маргталабона дар канори Маркази фарҳангии шиаҳо дар шаҳри Кобул як нафар кушта ва чаҳор каси дигар маҷрӯҳ шуданд. Ба иттилои вазорати умури дохилии Афғонистон, субҳи рӯзи панҷшанбе, 20 феврал, маргталаб худро баъд аз он мунфаҷир кард, ки муҳофизи Маркази фарҳангии Носир Хисрави Балхии исмоилиҳо ба ӯ иҷозаи вуруд ба биноро надод. Дар ин ҳодиса муҳофизи марказ ба ҳалокат расид.

Масъулияти ҳамларо ҳанӯз гурӯҳе бар дӯш нагирифтааст, аммо мақомоти Кобул ангушти иттиҳом сӯи ҷунбиши “Толибон” карданд. Ҳафта гузашта дар Кобул ду мутахассиси мулкӣ, ки барои нерӯҳои НАТО кор мекарданд, бар асари таркиши мошин ба ҳалокат расиданд. Масъулияти он ҳамларо толибон бар дӯш гирифта буданд.
XS
SM
MD
LG