Дафтари матбуоти Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 18-уми феврал бо тасдиқи ин хабар гуфт, ки муҳокимаи парвандаи куштори шаҳрванди Тоҷикистон Фирдавс Муқимов барои 1500 доллар ба анҷом расид ва айбдоркунандаи давлатӣ аз Додгоҳи олӣ рӯзи душанбе барои муҷозоти ҳар се айбдоршаванда дар ин куштор тибқи моддаи 104 (куштори ваҳшиёна) ва 149 (ғоратгарӣ), 22 солӣ ҳкми зиндон талаб кард. Феълан ҳайати додгоҳӣ барои эълони ҳукм вориди машваратхона шудаанд ва интизор меравад рӯзи панҷшанбе Додгоҳи олӣ дар робита ба парвандаи мазкур ҳукми худро эълон дорад.
Дар ҳамин ҳол Зафар Қурбонов, вакили мудофеи Фирдавс Муқимов мегӯяд, ки ҳодисаи куштори пурсарусадои сокини ноҳияи Ҷалолиддин Румӣ аз тарафи шаҳрвандон Фирдавс Холиқов, Насимҷон Абдурозиқов ва як зан бо номи Ҷумъагул Қаҳҳорова дар наздикии деҳаи «Қаҳрамон»-и бозори Корвон дар моҳи ноябри соли гузашта рух додааст. Вале вақте онҳо Фирдавс Муқимови 22-соларо ба қатл расонданд, аз кисааш ҳамагӣ 30 сомонӣ ва як телефони мобил пайдо кардаанд.
Ҳодисаи мазкур дар натиҷаи муносибати маҳрамона Фирдавс Муқимов бо Ҷумъагул Қаҳҳорова сар зада, тайи ду моҳи шиносоие, ки онҳо пайдо кардаанд, ба нишони боварӣ Фирдавс ба Ҷумъагул 1500 доллари худро медиҳад, ки ҳифз кунад, вале вақте ки Фирдавс бо нафари дигар хонадор шудан мехоҳад, аз Ҷумъагул пули худро суроғ мекунад. Аммо Ҷумъагул, ба гуфтаи тафтишот, бо дӯстписари худ Насимҷон Абдурозиқов ва як нафари дигар бо номи Фирдавс Холиқов «гапзанон» карда, қасди куштани ӯро мекунад.
Ҷумъагул бо Фирдавс Муқимов бо таксӣ дар соати 11:00-и шаб ба мавзеи поёни бозори Корвон меоянд ва аз паси онҳо Насимҷон Абдурозиқов ва Фирдавс Холиқов омада дар гарданаш тасма баста, то марг бо мушту лагад ва санг ӯро мезананд.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар таърихи 21-уми ноябри соли гузашта пас аз ёфт шудани ҷасади Фирдавс Муқимови 25-сола дар деҳаи «Қаҳрамон»-и ноҳияи Рӯдакӣ, дар мавзеи марги ӯ Насим Абдурозиқов, Фирдавс Холиқов ва Ҷумъагул Қаҳҳороваро боздошт карда, алайҳи онҳо тибқи моддаи 104 куштори ваҳшиёна ва 149 ғоратгарӣ парванда боз карданд.
Пахши навори ҳодисаи куштори Фирдавс Муқимов дар назди бозори "Корвон" аз тариқи шабакаи телевизони Тоҷикистон мардумро такон дода буд.
Ҷумъагул Қаҳҳорова, дӯстдухтари Фирдавс Муқимов гуфта буд, ки ӯро ба ин амал дӯстписараш Насим Абдурозиқов тела додааст.
Ин се нафар аз тарафи кормандони умури дохилии ноҳияи Рӯдакӣ дар моҳи ноябри соли гузашта боздошт шуда буданд ва то кунун дар ҳабси пешакӣ мунтазири ҳукми Додгоҳи олӣ мебошанд.