Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беқурбшавии танга хашми қазоқҳоро барангехт


Дар Қазоқистон даҳҳо нафар аз тазоҳургарони хашмгин дар назди Бонки Миллӣ ҷамъ омада ва хостори шарҳи мақомот дар бораи поин овардани қурби пули миллӣ шуданд. Баъзе аз тазоҳургарон ба Қайрат Келимбетов, раиси Бонки Миллии Қазоқистон дашномҳои қабеҳ дода ва аз ӯ хостанд, ки истеъфо диҳад. Қувват Қозахметов, муовини раиси бонк бо тазоҳургарон мулоқот кард ва ваъда дод, ки ба масъалаи қарзҳои гирифтаи онҳо аз бонкҳо расидагӣ мекунад ва намегузорад, қимати молу коло дар Қазоқистон боло равад. Рӯзе пештар Бонки Миллӣ аз роҳи сунъӣ қимати танга арзи миллии Қазоқистонро 19 дар сад поин бурд. Ҳоло як доллар дар ивази 186 то 200 танга иваз мешавад.
XS
SM
MD
LG