Бонки марказии Қазоқистон тасмим гирифтааст, ки арзиши пули миллии ин кишвар бо номи тенге ё танга 19 дарсад поин бурда шавад, зеро бозор тағирпазир аст. Дар эъломияе ин бонк изҳор доштааст, ки барои нигоҳ доштани арзиши танга дар баробари доллар дар сатҳи кунунӣ дигар сармоягузорӣ нахоҳад кард.
Ҳоло ҳамаи ғурфаҳои табдили пул дар Қазоқистон табдили долларро боздоштаанд. Масалан, рӯзи душанбе як доллар 155 танга арзиш додшт, вале рӯзи сешанбе арзиши як доллар ба 185 танга расид.
Қайрат Келимбетов-раиси Бонки Марказии Қазоқистон ба рӯзноманигорон гуфт, ки чунин тасмим сабаб хоҳад шуд, то ки арзиши як доллар дар сатҳи 185 танга бимонад.
Яке аз бонкҳои бузурги ин кишвар бо номи BTA як долларро ба арзиши 190 танга иваз мекунад. Аммо Alyans Bank арзиши як долларро 215 танга эълон кардааст.