Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости поён додани бадрафторӣ бо маҳбусону боздоштшудагон


Дар нишасте дар Душанбе, ки бо мусоидати ҲНИТ сурат гирифт, ҳозирон аз мақомоти Тоҷикистон хостанд, бадрафторӣ бо маҳбусону боздоштшудагон ва зиндониён хотима диҳад.

Аз ҷумла, Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ дар нишаст гуфт, мақомоти интизомӣ ҳамингуна беадолатӣ ва бераҳмиро нисбат ба аъзои боздоштшудаи ин ҳизб раво дидаанд: «Агар мо мехоҳем, ки Тоҷикистон ва тоҷиконро ҳамчун миллати соҳибтамаддун ва пешрафта эътироф кунанд, бояд шиканҷа дар Тоҷикистон аз байн бурда шавад."

Ҷаноби Кабирӣ мегӯяд, дифоъ аз ҳуқуқи башар ва каромати инсонӣ танҳо рисолати динӣ ва ҳизбии онҳо нест, балки рисолати ҳамаи мақомоти Тоҷикистон аст. Раиси ҲНИТ тақозо кард, то худи ниҳодҳои давлатӣ ва ҳам омбудсмен ё ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, бо баргузории нишасте роҳҳои ҷилавгирӣ аз шиканҷаву бадрафторӣ бо боздоштшудагону зиндониёнро баррасӣ кунанд.

Вуҷуди бадрафториву шиканҷа тайи ду се соли ахир яке аз мавзӯъҳои аслии баҳс дар расонаҳои Тоҷикистон аст ва дар ин муддат ҳам, созмонҳои ҳомии ҳуқуқ аз ҳукумат хостаанд, ин зуҳуроти манфиро дар кишвар аз байн барад. Аз ҷумла парвандаи нави Умедҷон Тоҷиев, як узви Ҳизби наҳзати исломиро ёдовар шуданд, ки рӯзи 30 октябр дар ноҳияи Исфара боздошт шуд. Ӯ баъди ду рӯз ӯ ба таври мармуз аз табақаи дувуми бинои шӯъбаи умури дохилаи шаҳри Исфара поён афтид ва мақомот гуфтанд, ки ӯ худро ба мақсади фирор ҳаво додааст. Умедҷон Тоҷиев охири моҳи январ дар бемористони зиндони шаҳри Хуҷанд даргузашт ва мақомот гуфтанд, ки иллати марги ӯ сактаи қалб буд.

Файзинисо Воҳидова, вакили дифоъи Тоҷиев, ки дар нишаст ҳузур дошт, ба иддаои мақомоти расмӣ бовар надорад ва мегӯяд: «Умедҷон Тоҷиев на ба хотири худкушӣ худро аз тиреза партофт, балки вай мехост ҷомеа донад, ки дар дохили идораи пулис чиҳо мегузарад».

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, дар се соли ахир дастикам 6 нафар, бо шумули Ҳамза Икромзода, Сафаралӣ Сангов, Исмоил Бачаҷонов, Хуршед Бобокалонов, Баҳромиддин Шодиев ва Умедҷон Тоҷиев дар пайи боздошт ва зоҳиран бар асари шиканҷа ба ҳалокат расидаанд.

Лубатхон Бурҳонова
Лубатхон Бурҳонова
Лубатхон Бурҳонова, аввалин наттоқи Шабакаи аввали телевизони Тоҷикистон низ мегӯяд, писари ӯ низ дар 5 соли пеш бар асари латукӯби маъмурони милиса ҷон додааст. Модари 78 сола мегӯяд, соли 2009 писари ягонаш Дилшодбек Муродов, ки он замон 46 сол дошт, бо иттиҳоми даст доштан дар қоҷоқи маводи боздошт шуд ва дигар барнагашт:

«Писарам барои партофтани ахлот ба кӯча баромад, азбаски хонаи мо ба милисахона наздик буд, ӯро маҷбуран ба ҷайбаш ҳамон доруи сафедро (ҳероин)андохтанд ва ӯро бо ин баҳона зиндонӣ карданд. Вақте писарамро рӯзи 2 феврали соли 2009 ба таври ғайриқонунӣ дастгир карданд, рӯзи 3 феврал гуфтанд, ки 1000 долар биёр, писаратро ҷавоб медиҳем. Аммо ман танҳо 300 долар ёфтаму бурдам. Вале ба ман гуфтанд, ки мо бисёрием ва ин пул кам аст. Ман ҳам дигар напурсидам, ки чи миқдор пули дигар биёрам, бо ҳамин моҳи августи ҳамон сол, писари ман бар асари шиканҷа дар зиндони рақами 1 шаҳри Душанбе кушта шуд.»

Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони маъруф гуфт, баргузор кардани ин нишаст маҳз ба хотири ҷалби таваҷҷӯҳ ба ин масъалаи доғ аст. Ӯ афзуд, ҳукумат бояд барои маҳви ин зуҳурот саъйи бештар кунад ва қазияҳои азияту шиканҷаро нодида нагирад: «Афроде, ки дар шиканҷа кардани касе даст доранд, набояд афв шаванд ва дар ниҳодҳои қудратӣ кор кунанд»

Ҳаким Мирсайев, муовини вазири адлияи Тоҷикистон қаблан гуфта буд, ки "дар як соли ахир ҳеҷ мавриди вуҷуди шиканҷа дар муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон ба қайд гирфта нашудааст."

Аммо ду рӯз қабл додситони кулли Тоҷикистон Шерхон Салимзода гуфт, дар иртибот ба мавориди шиканҷа дар соли 2013 шонздаҳ арзу шикоят ворид шуда ва ин нисбат ба соли 2012 камтар аст. Ба гуфтаи ҷаноби Салимзода, нисбати 4 арзу шикоят дар мавриди шиканҷа парванда боз шуд ва як мавриди он дар нисбати Умедҷон Тоҷиев, сокини шаҳри Исфара марбут аст.
XS
SM
MD
LG