Илҳом Алиев-раиси ҷумҳури Озарбойҷон мухолифони сиёсии худро “гурӯҳе номид, ки барои пулҳои хориҷӣ виҷдонашонро фурӯхтаанд”. Алиев зимни суханони худ дар як конфронси иқтисодӣ дар Боку рӯзи чаҳошанбе гуфт, интихоботи ахири моҳи октябр “шармандагии мухолифонро нишон дод”. Вай ҳамчунин изҳор дошт, ононе, ки аз хориҷа грант дарёфт мекунанд, дар ҳаёти сиёсии Озарбойҷон ҷой нахоҳанд дошт.
Баъд аз ин интихобот нозирони САҲА аз натиҷаҳои интихобот интиқод карданд ва гуфтанд муҳит барои фаъолияти матбуот маҳдуд буд ва дар бораи таҳдидҳо хабарҳо мерасид.
Баъд аз ин интихобот нозирони САҲА аз натиҷаҳои интихобот интиқод карданд ва гуфтанд муҳит барои фаъолияти матбуот маҳдуд буд ва дар бораи таҳдидҳо хабарҳо мерасид.