Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қочоқи 72 зану духтари тоҷик ба хориҷи кишвар дар соли 2013


Масъулони Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон мегӯянд, ки дар соли гузашта 679 мавриди қочоқи инсон сабт шудааст, ки нисбат ба як соли пеш 155 нафар бештар аст. Маҳбуба Азимова, сухангӯи Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон рӯзи чоршанбеи 5 феврал дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки аз ин ҷумла 72 нафар зану духтар ва 25 нафар ноболиғон мебошанд. Ин занону духтарон бо роҳи фиреб ба хориҷи кишвар бурда шудаанд. Масъулон омили асосӣ дар ин амрро ба сатҳи пасти огоҳӣ ва ҳуқуқиву маърифатии занону духтарон рабт медиҳанд. Ҳарчанд масъулони Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон мегӯянд, ки соли 2013 дар муқоиса ба соле пеш мавриди қочоқи инсон ва ба хусус занону духтарон ба хориҷи кишвар афзудааст, аммо Маҳбуба Азимова, сухангӯи ин ниҳод аз баёни исми кишварҳое, ки занону духтарон қочоқ шудаанд, худдорӣ кард гуфт, ки "ин маълумот махфӣ аст." Дар гузашта занони тоҷик бештар ба кишварҳои шайхнишини ҳавзаи Халиҷи Форс, Туркия, қисман Чин ва Эрону Афғонистон қочоқ мешуданд.
XS
SM
MD
LG