Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Верховная Рада барои бурунрафт аз бӯҳрон талош мекунад


Парлумони Украина рӯзи сешанбе, 4 феврал, талоши нави аз бӯҳрони сиёсӣ берун кашидани кишварро хоҳад кард. Се ҷиноҳи мухолифи ҳукумат дар ин иҷлосия барои ба таври назаррас коҳиш додани ваколатҳои раисиҷумҳур пойфишорӣ хоҳанд намуд. Вакилон аз Ҳизби манотиқ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ҳадс заданд, ки мухолифин барои кори парлумон монеъа эҷод хоҳанд кард, зеро барои қабули қарор дар бораи коҳиши ваколатҳои Виктор Янукович овозҳои заруриро надоранд.

Рӯзи гузашта раҳбарони ҷиноҳҳо ва кумитаҳои парлумон барои ҳамоҳангсозии рӯзномаи кори иҷлосия ба тавофуқ нарасиданд. Мухолифин талаб карданд, ки қабл аз ҳама бояд Қонуни асосии даҳ сол қабл қабулшуда эҳё карда шавад – дар он таъсиси сохти парлумониву президентӣ дар Украина пешбинӣ шуда буд. Аммо раҳбари ҷиноҳи Ҳизби манотиқ Александр Ефремов гуфт, ки тағйирот ба Қонуни Асосӣ фақат аз роҳи референдум мумкин аст. Раҳбари ҷиноҳи Ҳизби комунисти Украина Петр Симоненко даъват кард, ки дар иҷлосияи парлумон мақоми раисиҷумҳур аз байн бурда, ҳукумати технократӣ таъсис шавад ва мавзӯи федераликунонии Украина мавриди баррасӣ қарор гирад.

Мухолифин ҳамчунин мехоҳанд, ки қонуни нави афви эътирозгарони боздоштшуда бидуни ягон шарт қабул шавад.

Намоишҳои эътирозии ҷонибдорони ҳамгироии Украина бо Иттиҳодияи Аврупо аз моҳи декабри соли гузашта боз идома доранд.
XS
SM
MD
LG