Шаҳрванди қирғизтабори Тоҷикистон, Баладбек Сайназаров, ки дар Академияи ҳуқуқи шаҳри Оши Қирғизистон таҳсил мекунад, то марзи Қирғизистон расид ва аммо маҷбур шуд, ақиб гардад. Вай барои давраи таътили зимистона ба зодгоҳаш Ҷиргатол омада буд ва ҳоло аз ин кори худ сахт пушаймон аст.
Баладбек мегӯяд, 3 феврал таҳсил шурӯъ мешавад, вале марзбонони қирғиз ба ӯ иҷоза намедиҳанд, аз марз гузарад: «Бояд мо аллакай равем ба Ӯш, як бор талош кардем гузарем, марзбонон гуфтанд бояд вазорати маорифи Шумо бо Қирғизистон ягон қарордоде тасвиб кунанд ва баъд метавонед аз марз гузаред. Мо чанд сол аст тариқи марз мерафтему меомадем ва ҳеҷ мушкил надоштем. Аммо имсол баъд аз ҳамин ҳодисаҳо ин мушкил пеш омад.»
Ин мушкил танҳо азони Баладбек нест, балки, ба гуфтаи ӯ даҳҳо донишҷӯ, ки дар Қирғизистон таҳсил мекарданд, дар ҳоли ҳозир аз идомаи таҳсил маҳрум шудаанд. Онҳо ҳар рӯз дар назди шӯъбаи маорифи ноҳияи Ҷиргатол ҷамъ омадаву роҳи ҳалли ин мушкилро пурсон мешаванд. Пирмаҳмад Абдусатторов, мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи Ҷиргатол мегӯяд, ба сурати умум 250 ҷавони ин ноҳия дар донишгоҳҳои Қирғизистон таҳсил мекунанд. Вай меафзояд, дар мушовараи ахири Вазорати маорифи Тоҷикистон масъалаи бозгашти ин донишҷӯёнро матраҳ карда ва аз вазир чунин посух гирифтааст:
«Вазир гуфтанд, ки муайян карда шавад, донишҷӯён дар кадом курсу факулта ва донишгоҳҳо таҳсил мекунанд. Гуфтанд ба мо ин маълумотҳоро фиристед ва агар роҳ маҳкам бошад, ҳеҷ гап не, ҷавонони қирғизтабор ҳам фарзандони мо ҳастанд ва барояшон шароит фароҳам меорем дар донишгоҳу донишкадаҳои дохили кишвар дар факултаҳои худ таҳсил кунанд ва баъди ҳал шудани мушкили марз, онҳо метавонанд баргарданд, вале агар нахоҳанд ҳам, метавонанд дар донишгоҳҳои кишвар таҳсилро идома диҳанд. Ва ҳоло ман ҳам ин хабарро ба раиси ноҳия расонидам.»
Аммо бархе аз донишҷӯёне, ки ҳоло чандон умед надоранд аз роҳҳои заминӣ ба донишгоҳҳои худ дар Қирғизистон мерасанд, роҳҳои дигари сафар ба ин кишварро меҷӯянд. Баладбек мегӯяд, дар сурати идомаи ин вазъ маҷбур аст бо харҷи маблағи бештар, аз тариқи ҳавопаймо ба Қирғизистон сафар кунад: «Тариқи марз аз Ҷиргатол мо бо 100 сомонӣ ба Ӯш сафар мекардем, аммо агар ин масъала ҳал нашавад, имкон дорад бо нархи гаронтар ба воситаи ҳавопаймо ба Бишкек равем ва аз он ҷо ба Ӯш баргардем.»
Дар як нома ба радиои «Озодӣ» донишҷӯе бо номи Диловар ҳам аз ин мушкил нигаронӣ кардаву гуфтааст, бархе аз ҷавонон барои убури марз ба мақомоти гумруки қирғиз 300 сомонӣ дода, пойи пиёда то деҳаи Ҷон Алай ва баъдан бо таксӣ ба Бишкек мераванд.
Нигаронии донишҷӯёни тоҷик аз Ҷиргатол дар ҳоле ба миён омадааст, ки як гурӯҳ донишҷӯёни дигари Тоҷикистон, ки дар Донишгоҳи улуми иҷтимоии Русия воқеъ дар вилояти Бодканди Қирғизистон таҳсил мекунанд, ҳафтаи саввум аст, ки наметавонанд ба донишгоҳи худ баргарданд. Масъулони ин донишкада дар пайи моҷарои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон, барои ҷилавгирӣ аз пайомадҳои эҳтимолии ногувор, донишҷӯёни тоҷики худро ба таътил фиристодаанд.
Ва ҳодисаҳои ахир дар марзи Тоҷикисону Қирғизистон ҳамчунин барои идомаи таҳсили донишҷӯёни қирғиз дар Тоҷикистон ҳам мушкил эҷод кардааст. 30 донишҷӯи қирғиз, ҳам наметавонад баъд аз таътил ба Тоҷикистон баргардад. Намояндаи Ҷамъияти Тоҷикони Қирғизистон Мавлон Абдураззоқов мегӯяд, марзбонони қирғиз дар баробари шаҳрвандони Тоҷикистон ба шаҳрвандони Қирғизистон ҳам иҷозаи убури марз ва ворид шудан ба Тоҷикистонро намедиҳад. Вай меафзояд, ҳоло худаш тасмим дорад, ин донишҷӯёнро ҷамъ оварда, бо иҷозаи мақомоти қирғиз аз марз гузаронад.
«Ман як нома ба номи губернатори вилоят навиштаам ва 30 нафар донишҷӯро аз Бодканд, баъди бозгаштам аз Бишкек мегузаронам. Ҳоло дар Тоҷикистон 201 донишҷӯи қирғиз таҳсил мекунад. Ин чандон мушкили бузург нест ва ҳатман ҳал хоҳад шуд.»
Кормандони сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон ба "Озодӣ" гуфтанд, аз ин вазъ ба хубӣ огоҳанд ва интизори натиҷаҳои гуфтушуниди ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистонанд, ки дар Бишкек идома доранд. Онҳо умед доранд, ки бо анҷоми ин музокирот, мушкили донишҷӯён ҳам ҳалли худро хоҳад ёфт. Ба иттилои онҳо, шумораи умумии донишҷӯёни тоҷик дар Қирғизистон бештар аз 800 нафар аст.