Ҳудуди сарони 20 кишвару ҳукуматҳои дунё ҳамроҳ бо вазирони дифоъу умури хориҷӣ барои ширкат дар нишасти 50-уми амниятӣ дар шаҳри Мюнхени Олмон гирди ҳам меоянд. Дар нишасти серӯза дар ин шаҳр, ҷанги Сурия, бӯҳрони сиёсӣ дар Украина ва барномаҳои баҳсбарангези атомии Эрон баррасӣ мешавад. Русияро дар конфронси Мюнхен Сергей Лавров намояндагӣ мекунад. Аз Амрико ба ин нишаст, Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷӣ ва Чак Ҳагел, вазири дифоъ, меоянд. Муҳаммад Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон, ҳам дар нишасти амниятии Мюнхен ширкат мекунад. Бан Ки Мун, дабири кулли Созмони Милал, Кетрин Эштон, масъули умури сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо, Андерс Фог Расмуссен, дабири кулли НАТО ва Ахзар Иброҳимӣ, фиристодаи хоси Созмони Милал барои Сурия аз ширкатдорони дигари нишасти Мюнхен ҳастанд. Қарор аст, дар ҳошияи конфронс, Ҷон Керрӣ бо Виталий Кличко ва Арсений Ятсенюк, пешвоёни мухолифони давлат дар Украина мулоқот кунад. Сергей Лавров бо Муҳаммад Ҷавод Зариф ва Леонид Кожара, вазири хориҷии Украина мулоқот хоҳад дошт.