Сулаймон Давлатов, ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон рӯзи 29-уми январ дар нишасти хабарӣ изҳор дошт, ки тайи муддате, ки донишҷӯён аз хориҷи кишвар баргардонида шудаанд, ҳамагӣ 108 нафар дар факултаҳои ин донишкада ба таҳсили худ идома медиҳанд.
Ҷаноби Давлатов мегӯяд, донишҷӯёне, ки пас аз бозгашт ба онҳо муроҷиат кардаанд, дар ҳолати ҳолати санҷиш ва мувофиқати ҳуҷҷатҳояшон ба ин таълимгоҳ қабул мешаванд. Аммо ба гуфтаи раиси Донишкадаи исломӣ, онҳо то кунун касеро ноумед накардаанд, вале шумораи хеле ками ин донишҷӯён ҳуҷҷатҳои худро ба комиссия махсус, ки донишгоҳ барои ин донишҷӯён таъсис додааст, пешниҳод мекунанд. Аз ҷониби дигар, бархе донишҷӯёне, ки аз хориҷи кишвар оварда шудаанд ва намехоҳанд дар Донишкадаи исломӣ таҳсил кунанд, мегӯянд, ки онҳоро танҳо дар бахши “шартномавӣ" қабул мекунанд, ки имкони молии идомаи таҳсилро надоранд.
Дар сӯҳбат бо "Озодӣ" аксари ҷавонони бозгашта гуфтанд, онҳо ба “салом”-и ҳукумат “алейк” гуфтанду омаданд, вале ҳукумат ваъдаашро, ки чунин ҷавонон дар дохили кишвар бо таълими динӣ фаро гирифта хоҳанд шуд, иҷро накард.
Аксари ин ҷавонон мегӯянд, онҳо дар хориҷ аз кишвар ба таври ройгон ва бо дарёфти кӯмакпулӣ зиндагӣ ва таҳсил мекарданд. Бино бар ин, аз нигоҳи молӣ мушкиле надоштанд, аммо гарон будани маблағи шартномаи таҳсил дар донишгоҳҳои Тоҷикистон боис шуд, ки онҳо дигар тарки таҳсил кунанд.
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон қаблан гуфта буд, аксари он ҷавононе, ки баъди бозгашт барои таҳсил ба ин ниҳод муроҷиат кардаанд, дар факултаву донишгоҳҳои кишвар шомил шудаанд. Аммо ба гуфтаи онҳо, бархе аз ин донишҷӯён мехоҳанд дар донишгоҳҳое таҳсил кунанд, ки пурра шартномавӣ ҳастанд ва таълим дар ин муассисаҳо ройгон нест. Ба ҳамин иллат, вазорати маориф ва илм наметавонад ин хоҳиши онҳоро иҷро кунад.
Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам 2197 донишҷӯ дар ду факулта «Улуми исломӣ» ва «Филолияи Шарқ» таҳсил мекунанд. Ба гуфтаи ректори донишкада, онҳое, ки дар бахши буҷавӣ таҳсил мекунанд, тибқи шартномаи ин муассиса бо мақомоти маҳалӣ бе мамоният бо кор таъмин хоҳанд шуд.
Аммо ба гуфтаи Сулаймон Давлатов, ректори донишкада, муҳассилини факултаи улуми исломӣ бештар дар муассисаҳои динӣ бо кор фаро гирифта мешаванд. Бинобар ин, қарор аст барномаи таълимии донишкада таҷдиду бозбинӣ шавад. Ва бо роҳандозии ихтисосҳо ҳамгиро, дар баробари улуми динӣ ба донишҷӯён касбу ихтисоси дигар ҳам омӯзонида шавад. Ректори донишкада бовар дорад, ки бо ин тағйирот фориғулттаҳсилини донишкада дар бозори меҳнат талабгор пайдо хоҳанд кард ва бе ҷойи кор намемонанд.
Ин дар ҳолест, ки Вазорати корҳои дохилӣ дар охирин нишасти матбуотии худ иттилоъ дод, ки тайи чанд соли ахир аз таълимгоҳҳои динии кишварҳои хориҷӣ 2500 ҷавонони тоҷикро баргардонидаанд.