Кормандон низ ин «бозӣ»-ро мепазиранд ва ба андеша намераванд, ки дар ниҳояти амр худи онҳо зиён хоҳанд дид. Кумитаи андози Тоҷикистон мегӯяд, шумори зиёди соҳибкорон эъломияҳои моҳонаи андози иҷтимоиро пешниҳод накардаанд ва ё даромади умумии худро дидаю дониста ба ҳадди камтарини андози иҷтимоӣ дарҷ намудаанд.
Рустамҷон Ҷабборов, муовини раиси Кумитаи андози Тоҷикистон дар сӯҳбат ба «Озодӣ» гуфт, напардохтани андози иҷтимоӣ аз сӯи корфармо ба нафақаи коргар дар оянда таъсир хоҳад расонд: «Вақте як нафар ҳуҷҷат пешниҳод мекунад, ки ман 1000 сомонӣ маош мегирифтам, аз ҳамин ҳисоб ба ман нафақа таъин кунед, масъулон аввал месанҷанд, ки дар замонаш аз маоши вай андоз супурда шуда буд ё не. Дар сурати тасдиқ нашудан, вай маҷбур мешавад ҳамаи он андозҳое, ки дар вақташ кордеҳи ӯ бояд месупурд, худаш супорад.»
Ҷаноби Ҷабборов афзуд, аз ин рӯ коргарон бояд кордеҳони худро водор созанд, ки андози иҷтимоиро супуранд то, ки дар оянда онҳо имкони гирифтани нафақаро пайдо кунанд. Аммо дар Тоҷикистон кам иттифоқ меафтад, ки коргарон ба ҳаҷми андозе, ки аз маоши онҳо гирифта мешавад, диққат диҳанд. Дар аксар ҳолатҳо коргарон танҳо маоши нақд дар дасташон мегирифтаро мешуморанд ва ҳама муомилаҳои дигар дар дасти муҳосибони корхонаҳост.
Солиҷон Ҳотамов, иқтисоддони тоҷик, ки ба соҳибкорони алоҳида ва ҳатто бонкҳо ба ҳайси мушовир хидмат мерсаонад, мегӯяд, бисёр мешавад, ки кордеҳон дар санадҳо маоши ӯро як рақам ва дар лифофа ба вай комилан ҳаққузаҳмати дигарро пардохт мекунанд: «Натанҳо соҳибкорон, балки бонкҳо низ чунин мекунанд. Ҳоло бисёриҳо ду ҳисобот доранд. Яке барои Кумитаи андоз, дигаре барои худашон. Бисёр вақт ба ман маоше медиҳанд, ки нисбат ба маоше ки расман нишон медиҳанд зиёд аст». Оқои Ҳотамов мегӯяд, албатта ин дар оянда ба ҳаҷми нафақаи вай таъсир мерасонад, аммо вай ҷуз розӣ шудан ба шарти пешниҳодкардаи кордеҳон чорае надорад.
Дар ҳамин ҳол, масъулони Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа мегӯянд, мувофиқи қонунҳои нави Тоҷикистон, афроде, ки дар ҳоли қобили меҳнат будан дар пардохти андоз ва ворид кардани пул ба бунди иҷтимоӣ саҳм намегузоранд аз нафақапулӣ маҳрум хоҳанд шуд ва ё нафақаи ночиз хоҳанд гирифт.
Назокат Одинаева, муовини раиси Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон дар сӯҳбат ба «Озодӣ» гуфт, то соли 2017 дар кишвар ду қонун дар мавриди тартиби пардохти нафақа амал мекунад: «Мувофқи қонуни қаблӣ, ҳаҷми нафақа на камтар аз 130 сомонӣ ва на зиёдтар аз 624 сомонӣ таъин карда мешавад. Аз рӯи ин қонун нафақа аз рӯи собиқаи корӣ ва ҳаҷми маош таъин карда мешавад. Аз рӯи қонуни нав, ки аз соли 2013 амал мекунад ва нафақаи суғуртавӣ аз рӯи саҳми гузоштаи коргар таъин карда мешавад.»
Хонум Одинаева афзуд, қонуни қаблӣ баъд аз соли 2017 қувваи ҳуқуқии худро гум карда, қонуни нави нафақа пурра амал мекунад. Одинаева мегӯяд, бино бар талаботи қонуни нав, коргар ҳар моҳ бояд як фоизи маошашро ба фонди нафақа равона сохта, кордеҳ бошад 25 дарсади ҳаҷми маоши ӯро чун андози иҷтимоӣ ба давлат супурад. Ба таъкиди Одинаева, ҳар қадаре ҳаҷми маоши корманд боло бошад, дар оянда нафақаи вай ҳам зиёд мешавад ва тибқи ин қонун, ҳадди болоии нафақапулӣ мисли қонуни қаблӣ вуҷуд надорад.
Аммо коршиносон мегӯянд, мизони андози иҷтимоӣ хеле баланд аст ва бо назардошти мушкил будани пешбурди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон, пардохти ин намуди андоз барои соҳибкорон миёншикан аст. Нозим Ишанкулов, директори «Маркази бозори озод Тоҷикистон» мегӯяд, мизони андози иҷтимоӣ 25 дарсади маоши коргарро ташкил медиҳад, ки онро бояд корфармо пардохт кунад: «Пардохти чунин андозҳо барои ҳар коргар барои соҳибкорон хеле гарон аст. Аз ин рӯ, ангезаҳои пинҳон кардани маоши воқеии коргарон ба вуҷуд меояд. Натанҳо кордеҳон, балки кормандон ҳам чунин фикр мекунанд. Коргар ин 25 дарсадро бо хурсандӣ мехоҳад имрӯз дар дасташ бигирад, на баъди чандин даҳсолаҳо».
Ҷаноби Ишонкулов мегӯяд, коргарон ҳам бо назардошти гардишҳои куллӣ дар иқтисодиёт чандон боварӣ надоранд, ки оё то ба сини нафақа мерасанд ва ин пулро мегиранд ва ё не. Ин ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, бӯҳрони молиявии охир дар мисоли кишварҳое мисли Италия ва Юнон нишон дод, ки низоми пардохти нафақа чандон устувор нест.
Дар ҳамин ҳол, Ишонкулов мегӯяд, беҳтарин роҳи ҳал ин аст, ки низоми нафақавӣ пурра ба дасти бахши хусусӣ супурда шавад ва бигузор Фондҳои тиҷоратии нафақавӣ дар асоси хоҳиши худи коргарон ба онҳо қарордод баста, дар оянда ба онҳо нафақа таъин кунад. Ба таъкиди Ишонкулов, дар кишварҳои мутараққии ҷаҳон на давлат, балки ширкатҳои алоҳида ба пиронсолон нафақа медиҳанд.