Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико мегӯяд, Иёлоти Муттаҳида шеваҳои назорати ҳукумат бар фаъолияти шаҳрвандонро тағйир дода ва барои ҳифзи ҳарими хусусии онҳо чораҳои иловагӣ меандешад. Дар суханронии телевизионӣ дар рӯзи ҷумъа Барак Обама гуфт, ӯ ба хадамоти иттилоотӣ возеҳ гуфтааст, “то замоне, ки далелҳои қотеъи марбут ба амнияти миллӣ вуҷуд надошта бошад, мо мукотиботи сарони кишварҳо ва ҳукуматҳои муттаҳиду шарикони худро назорат намекунем”. Тағйирот дар шеваҳои ҷосусии хадамоти амниятии Амрикоро Барак Обама баъди он эълон кард, ки баҳсҳо доир ба ҷамъоварии иттилооти хусусии шаҳрвандони Иёлоти Муттаҳида доғ шуд. Эдвард Сноуден, як маъмури собиқи иттилоотии Амрико, соли гузашта ошкор кард, ки хадамоти амниятии кишвараш, сӯҳбатҳои телефонии миллионҳо нафар аз шаҳрвандони Амрикову кишварҳои хориҷӣ аз ҷумла раҳбарони баъзе аз кишварҳоро сабт ва гӯш мекунанд.