Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё Амрико ва Эрон бо ҳам дӯст мешаванд?


Созишномаи ҳастаӣ ва эҳтимоли ширкати Теҳрон дар ҳамоиши сулҳи Сурия суҳбатҳоеро ба миён овардааст, ки Эрон ва Ғарб хоҳанд тавонист, буҳрони Сурияро ҳал кунанд. Вале оё ин ба коҳиши шиддат дар равобити Амрико ва Эрон сабаб хоҳад гашт?

Сурия, Ироқ, Афғонистон, пешгирӣ аз густариши силоҳи ҳастаӣ – инҳо буҳронҳое ҳастанд, ки талошҳои ҳалли онҳо Ғарб ва Эронро ба ҳам овардааст. Аммо ҳамкории онҳо оё метавонад заминаеро барои наздикии бештар ва ҳатто коршарикӣ ба миён орад? Дар ҳарду тараф шавқмандони беҳбуди равобит ва мухолифони он зиёданд, аммо созиши ахири ҳастаӣ мухолифони ин наздикиро ҳам дар Вашингтон ва ҳам дар Теҳрон ба ҳошия ронд, вале шубҳаи ин низ ҳаст, ки ду тараф метавонанд, дар иҷрои аҳднома камзарфӣ нишон диҳанд ва ба фазои хасмонаи пешина баргарданд.

Ғаним Нусайба, раиси бунёди омӯзиши хатарҳои сиёсии Cornerstone (“Тагсанг”) дар Лондон, мегӯяд: "Дар байни Иёлоти Муттаҳида ва эрониён як марҳалаи дарозмуддати эҳёи эътимоде идома дорад, ки дар 35 соли гузашта, аз инқилоби исломӣ ба ин сӯ фурӯ пошида буд. Ин ҳама дар як шаб иваз намешавад, вале онҳо, дақиқан, ба самти эҳёи эътимод ҳаракат доранд ва ин як фароянди тадриҷист, ки на танҳо аз баҳси масъалаҳои ҳастаии Эрон, балки ҳамчунин аз ҳамкориҳои минтақаӣ иборат аст. Ин чизе нест, ки зуд сохта шавад, аммо имкониятест барои ҳамдастии дарозмуддат.”

Ин коршинос тахмин мезанад, ки саҳми Эрон дар ҳамоиши сулҳи Сурия вазъи масъаларо рӯшантар хоҳад кард. Дар ҳоли ҳозир ҷойгоҳи пешниҳодии Теҳрон дар ин гуфтушунидҳо гуногун аст ва вазири умури хориҷии Амрико, Ҷон Керрӣ гуфтааст, Эрон танҳо замоне метавонад, расман ширкаткунандаи ҳамоиши марбут ба Сурия бошад, ки ба тарҳи тағйири ҳукумат дар Димишқ ризоият диҳад. Ҳадаф ин аст, ки дар Сурия ҳукумати муваққат режими раисиҷумҳури ин кишвар Башор Асадро иваз намояд. То ҳоло Теҳрон изҳор доштааст, ки ба тарҳи тағйири ҳукумат дар Сурия мухолиф аст. Бо вуҷуди ин эҳтимоли ширкати Эрон дар ҳамоиши 22-юми январ имконпазир аст, зеро фиристодаи Созмони Милал дар умури Сурия Лаҳдор Иброҳимӣ ва вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров гуфтаанд, Теҳрон метавонад ба таври ғайрирасмӣ дар ин нишаст ширкат кунад.

Ҳарчанд фазои сиёсии миёни Амрико ва Эрон то рафт нармтар мешавад, на раисиҷумҳури Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ ва на ҳамтои амрикои ӯ Барак Обама то ҳол рӯйирост ба ин вазъи нав ишора накардаанд. Рӯҳонӣ дар таъйини сиёсати хориҷии Эрон мустақил нест ва ҳалли ин масъала дар дасти раҳбари олии кишвар оятуллоҳ Алии Хоманаист. Дар навбати худ Обама низ маҷбур аст, дар муносибат бо Теҳрон ҳар замон чашм ба рӯҳияи вакилони конгресс дошта бошад, ки ҳамоно хостори таҳримҳои нави зидди Эронанд.

Скот Лукас, сардабири торнамои EA Worldview, ки бо равандҳои сиёсии Эрон ва Ховари Миёна сари кор дорад, мегӯяд, давлатҳои араб низ хоҳони он нестанд, ки равобити Амрико ва Эрон беҳбуд ёбад. Ва дар ҳоле ки ин саҳна бозигарони зиёд дорад, худи Теҳрон низ дар пайи тағйири авзоъ набуда, дар тасмимҳои худ ба мазҳаб такия мекунад: "Ҳукумати Рӯҳонӣ, вақте тобистони соли гузашта ба кор сар кард, гуфт, мехоҳад, равобиташ бо Арабистони Саудиро беҳбуд бахшад. Вале буҳрони Сурия ба ин раванд роҳ надод ва аксарият дар Эрон – раҳбари олӣ, вакилон, рӯҳониёни маъруф ва бахши асосии матбуоти ин кишвар зидди Саудия буда, онро айбдор мекунанд, ки ҳомии терроризм дар Сурия ва Лубнон аст. Феълан Эрон ҷое барои ҳамкорӣ бо Саудияро надорад. Ва то замоне ки чунин нашавад, мушкилот боқӣ хоҳад буд.”

Лукас меафзояд, ҳарчанд дар мавриди Ироқ ва Афғонистон Амрико ва Эрон, зоҳиран канори ҳаманд ва аз ҳукуматҳои ин ду кишвар ҳимоят мекунанд, ин ҷо низ бо мушкили зиёд рӯбарӯянд. Мушкили ҳукумати сарвазир Нурӣ ал-Моликӣ бо ақаллияти суннӣ ва қудратхоҳии ҳукумати Карзай дар баробари Амрико ба равобити Теҳрону Вошингтон таъсири муайян дошта метавонанд.

Вале аксари коршиносон бар инанд, ки табдили душманони собиқ ба дӯстону коршарикон равандест, ки одатан аз қадамҳои хурд сар мешавад ва метавонад, мисли оштии ду шахсе, ки солҳо бо ҳам қаҳрӣ буданд, наздикии қавиеро ба миён орад. Сониян, рӯшан аст, ки тавони ҳамкориҳо ҳамзамон бо ҳамкорӣ афзоиш меёбад.

Беҳбуди муносибатҳои байни Ғарб ва Эрон мумкин аст, фазои умумии бархӯрдҳои геополитикиро тағйир надиҳад, аммо, тавре коршиноси тоҷик Қосими Бекмуҳаммад мегӯяд, ин беҳбуд метавонад, ба равобити Тоҷикистон, ки ин ҳама муддат бо Эрон тамоси наздик дошт, таъсири муайян гузорад. Вай меафзояд, дар он сурат фишори Русия ба Тоҷикистон камтар хоҳад шуд “ва имконияти манёвр барои Душанбе бештар, ки ба сурати умум як қадами муҳим ва ҷиддии афзоиши ҷуръати Душанбе хоҳад буд.”

Ба ақидаи ин коршинос, дар он сурат на танҳо робитаҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон бо Эрон густариш хоҳанд ёфт, балки ҳамкориҳои ду тараф дар риштаи амният низ ҷойгоҳи муҳимтаре касб хоҳад намуд.
XS
SM
MD
LG