Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манъи вуруди хориҷиёни рондашуда то 5 сол


Порлумони Тоҷикистон вуруди шаҳрвандони хориҷиеро, ки аз кишвар ихроҷ шудаанд, барои панҷ сол мамнуъ кард.

Дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон рӯзи чоршанбеи 15--уми январ ин хабарро дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ кард. Саодат Амиршоева, вакили парлумон ва аз муаллифони лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи "Вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Тоҷикистон" гуфт, ки ин иқдом ба манзури танзими раванди иқомати шаҳрвандони хориҷӣ ва ҳамоҳангсозии қавонини кишвар рӯи даст гирифта шуд.

Ба гуфтаи хонум Амиршоева, ба моддаи 24 қонун дар бораи "Вазъи ҳуқуқи шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Тоҷикистон" тағйирот ворид гардид, ки бар асоси он, шаҳрвандони хориҷие, ки ба таври маъмурӣ аз қаламрави Тоҷикистон ронда шудаанд, то 5 соли оянда ҳаққи бозгашт ба кишвар надоранд.

Ба гуфтаи Маҳмадамин Ҳисориев, вакили Маҷлиси намояндагон, қарор дар мавриди ихроҷи шаҳрвандони хориҷие, ки қонунҳои Тоҷикистонро нақз кардаанд, аз сӯи додгоҳ содир мешавад ва аз рӯзи қабули он шаҳрванди хориҷӣ барои панҷ сол ҳаққи вуруд ба қаламрави Тоҷикистонро надорад. Ҳамчунин ба таъкиди ҷаноби Ҳисориев, тибқи ин тағйиру иловаҳо "шахсоне, ки шаҳрванди Тоҷикистон намебошанд ва ҳуҷҷати мансубияти тасдиқкунанда ба шаҳрвандии дигар кишварро надоранд, "шахсони бешаҳрванд" эътироф карда мешавад."

Дар ҳамин ҳол тибқи иттилои Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар соли 2013 ҳудуди 500 нафар аз шаҳрвандони хориҷӣ бо қарорҳои додгоҳ барои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз Тоҷикистон ихроҷ карда шудаанд, ки нисбат ба соле пеш ҳудуди 80 нафар бештар аст.

Ба иттилои ин хадамот, дар соли гузашта нисбати 116 нафар шаҳрванди Покистон санадҳои маъмурӣ тартиб дода шуда ва 76 нафари онҳо аз Тоҷикистон ихроҷ шуданд. Нисбати 86 шаҳрванди Афғонистон низ чунин санадҳо тартиб дода шуда ва 47 нафари онҳо аз қаламрави Тоҷикистон ронда шуданд.

Бино бар иттилои Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар ин кишвар ба ҳудуди 4 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ иҷозаи кор дода шудааст. Аксари онҳо шаҳрвандони Чин буда, ҳамчунин афғонҳову эрониҳо, русҳову ҳиндуҳо ва туркон низ аз ҷумлаи афроде ҳастанд, иҷозаи кор дар қаламрави Тоҷикистонро доранд.
XS
SM
MD
LG