Бино ба хабари матбуоти Русия, 26 декабр Бонки Миллии Тоҷикистон дар миёни кишварҳои узви созмони АвруОсиё нахустин бонки миллӣ будааст, ки дар бозори асъори “Биржаи Маскав” ширкат кардааст. “Биржаи Маскав” моҳи феврали соли 2013 дастрасии шаҳрвандони кишварҳои узви ин созмон ба бозори асъорро фароҳам сохт.
Бонкҳои кишварҳои узв бори аввал имкон пайдо карданд, ки ба бозори асъор дохил шаванд. То ҳол ба ин бозор бонки Эсхатаи Тоҷикистон, се бонки Белорусия дохил шуда буданд. Масъулони “Биржаи Маскав” талош доранд аз Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистону Беларуси муштариёни билқуваро ҷалб кунанд.