Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ишғоли виллаи Гулнора Каримова дар Женева


Паноҳандаҳои сиёсии узбак дар Швейтсария шаби гузаштаро дар виллаи чандмиллиондолларии Гулнора Каримова дар Женева ба сар бурданд.

Мухолифони сиёсии Узбакистон дар Швейтсария таҳти сарварии нависанда Сафар Бекҷон, ки шоми 23-юми декабр ба виллаи Гулнора Каримова дар Женева ворид шуда, то субҳ он ҷо мондаанд, ҳоло аз тарафи полис бозпурсӣ мешаванд.

Фаъоли сиёсии Узбакистон Сафар Бекҷон, ки 52 сол дорад, ба Бахши узбакии Радиои Озодӣ гуфт: “Шаб дар ин вилла хоб кардам. Аммо касе набояд гӯяд, ки дар болини пари қуи Гулнора сар гузоштам. Аслан, нахобидаам. Дар рӯйи диване, ки болояш селофан гузошта шудааст, дароз кашидам. Ман ба ин ҷо барои ғасби манзили Гулнора ё торумори он наомадаам. Балки барои он омадам, ки ин моликият аз пули халқи Узбакистон ба даст омадааст. Каримова, агар мехоҳад, маро ба додгоҳ кашонад. Танҳо бо ҳукми додгоҳ вай метавонад, маро аз ин ҷо берун кунад.”

Шоми 23-юми декабр дар тазоҳуроте зери унвони “Ишғоли виллаи Гулнора Каримова” ба ғайр аз Сафар Бекҷон боз чаҳор узви “Иттиҳоди демократии Узбакистон”, созмоне, ки дар Швейтсария расман сабт шудааст, ширкат карданд.

Бо эълон шудани ин маърака полиси Женева ба ин вилла омад ва ба ширкаткунандагони тазоҳурот ҳушдор дод, ки амали онҳо ғайриқонунист. Ба гуфтаи ширкаткунандагон маъракаи сиёсӣ, полис чорае надидааст, зеро Сафар Бекҷон ва шарикони ӯ дару тирезаро нашикаста, балки дарҳоро бо калид боз карда, вориди вилла шудаанд.

Яке аз тазоҳуркунандагон мегӯяд: “Полис омад, ҳуҷҷатҳоро тафтиш кард ва аз онҳо нусха гирифт. Калидҳоро ҳам диданд. Аз пайомадҳои чунин амал моро ҳушдор доданд ва ҳуқуқамонро ба мо фаҳмонданд. Аммо ин кори мо фақат як маъракаи сиёсист дар як давлати демократӣ. Аммо полис шиорҳоеро, ки дар девори рӯ ба беруни ҳавлӣ овехта будем, канд. Сар аз имруз маъракаи сиёсии худро дар дохили вилла идома медиҳем.”

Аммо ин фаъолон аз ифшои он ки калидҳоро аз куҷо дастрас кардаанд, сарпечӣ намудаанд. Сафар Бекҷон дар гуфтугӯе бо Бахши узбакии Радиои Озодӣ изҳор дошт, ки “ин вилла мулки халқ аст ва ман ба ин ҷо аз номи халқи худ омадам. Калидҳоро низ аз номи халқи худ гирифтам.”

Вай афзуд, сар аз 24-уми декабр дар атрофи вилла афроди ношинос пайдо шудаанд, ки мумкин аст, ба ҷони ширкаткунандагони маърака таҳдид кунанд. Ҷаноби Бекҷон гуфт, намедонад, ин афродро Гулнора Каримова фиристодааст ё шахси дигар.

Дар ҳамин ҳол Гулнора Каримова дар шабакаи Твиттер маъракаи мазкурро маҳкум кард ва ба ин васила тасдиқ намуд, ки виллаи гаронбаҳо ба ӯ тааллуқ дорад. Қаблан, вақте ки борҳо мухолифони узбак видеои ин вилларо дар Ютюб ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш мекарданд, духтари калонии раисиҷумҳури Узбакистон дар мавриди он аз ҳама гуна шарҳ худдорӣ мекард.
XS
SM
MD
LG