Абдуфаттоҳ Шарифзода сухангуи президенти Тоҷикистон 20 декабр ба радиои Озодӣ гуфт, ки субҳи имруз президенти Эмомалӣ Раҳмон Маркази милии тестӣ оид ба имтиҳоноти дохлшавӣӣ донишгоҳҳои олӣро ифтиттоҳ намуд. Маркази ягонаи тестӣ ниҳоди тобеи Вазорати маориф аст, ки дохилшавии довталабон ба мактабҳои олии кишварро ба танзим медарорад
Масъулони маркази миллии тестӣ мегӯянд, натиҷаи озмоиши онҳо, ки дар тобистони соли равон бо ширкати 7 ҳазор хонандаи синфҳои даҳи макотиби миёнаи кишвар гузаронида шуда буд, маълум кардааст, ки низоми нави қабули довталабон ё имтиҳоноти марказонидашудаи дохилшавӣ ба макотиби олӣ дар Тоҷикистон муваффақ хоҳад буд.
Ҳамакнун сар аз соли 2014 масъалаи қабули довталабон ба донишгоҳҳо пурра ба маркази миллӣ тестӣ вогӯзор карда мешавад. Ва ба гуфтаи масъулони ин марказ аз 1-уми марти соли равон то 15 апрел бақайдгирии довталабон аз рӯйи ин низом дар кишвар шурӯъ мешавад ва ҳамин тавр то 31-уми май ба ҷавонон барои ширкат дар имтиҳоноти тестӣ даъватнома ирсол карда мешавад. Барои гузаштан ба низоми нави имтиҳони қабул Тоҷикистон сар аз соли 2008 омодагӣ мегирад ва ҳоло омодааст пурра ба ин низом рӯ орад.