Фавти кӯдакон аз 65 то 34 ҳолат коҳиш ёфта, ҳамакнун теъдоди бештари атфоли то 5 сола зинда мемонанд. Таваллудшавии кӯдакони олуда ба ВИЧ ҳам рӯ ба пойин овардааст ва ҳоло дастрасии кӯдакон ба таълими то мактабӣ каме беҳтар шудааст.
Ҳамин тағйирот дар зиндаги атфоли тоҷик дар ду даҳсолаи ахирро ЮНИСЕФ- Бунёди кӯдакони СММ аз дастовардҳои аслии фаъолияти худ дар Тоҷикистон унвон мекунад. Бунёди кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид, фаъолияти худро дар Тоҷикистон оғози ҷанги шаҳрвандӣ ва бо ҳадафи ҳифзу наҷоти кӯдакон шурӯъ кардааст. Лайло Моширӣ, раҳбари дафтари Юнисеф дар Тоҷикистон дар ҷашни 20 солагии ин созмон ва зимни муаррифиb гузориши роҷеъ ба фаъолияти он дар Тоҷикистон гуфт, дар ин ду даҳсола таваҷҷӯҳи ин созмон бештар аз ҳама ба сиҳатии кӯдакон равона шуда буд.
“Ҳоло агар мо як кӯдаки дар 20 соли пеш ба дунё омада ва як тифли ҳоло ба дунё омадаро бигирем, шароити зиндагии дуввумӣ хеле беҳтар аст. Аз назари камбизоатӣ шароит хеле тағйир кардаву беҳтар шудааст. Дар ин муддат фаъолияти мо бештар ба самти сиҳатии кӯдакон, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ва воксинзанӣ равона шуда буд, чун маълум дар он шароит Тоҷикистон аз ҳама бештар ба ин масоил ниёз дошт. ”
Аммо дар баробари ин пешрафту тағйирҳо, кӯдакони тоҷик ҳамоно ба мушкилоти зиёде рӯ ба рӯянд, ки монеи рушду таълими кӯдакон ва нақзи ҳуқуқи онҳо мешавад. Дар гузориши нави бунёди атфоли Созмони Милали Муттаҳид, ки «Дар роҳ ба сӯйи ояндаи дурахшон» ном дорад, гуфта мешавад, ки дар Тоҷикистон ва Қирғизистон кӯдакони зиёде ҳамоно аз камбизоатии шадид азият мекашанд. Дар ин матлаб вазъи ғизогирии кӯдакон ва рушди онҳо нигаронкунанда арзёбӣ шудааст.
Ҳоло 26 дарсади кӯдакони зери сини панҷ сола дар Тоҷикистон ба қадпастӣ мувоҷеҳанд. Ва бино ба гузориши нави созмони ЮНИСЕФ, ба фарқ аз кишварҳои дигари минтақа, дар Тоҷикистон маблағгузорӣ ба соҳаи тандурустӣ ҳанӯз ҳам кам аст. Бо вуҷуди пешрафт дар робита ба сирояти вируси норасоии масъунияти бадан, созмони мазкур имрӯз аз афзоиши босуръати олудашавии занону кӯдакон бо сабабҳои то ба ҳол номаълум нигаронӣ мекунад. То охири соли 2012 дар кишвар 261 нафар кӯдаки олуда ба ВИЧ сабт шудааст.
Як мушкили умдаи дигар ба қавли хонум Лайло Моширӣ, ин нобаробарӣ дар таҳсил аст: «Тафовути ҷинсиятӣ дар таҳсилоти олӣ дар Тоҷикистон яке аз баландтаринҳо дар ҷаҳон аст ва ин амр монеи ширкати духтарон дар ҷомеа ва иқтисоди кишвар мешавад. Духтарон ҳамчунин дар қатори занон имрӯз ба хатари зӯроварӣ мувоҷеҳ ҳастанд. Тақрибан аз ҳар 5 зан дар Тоҷикистон як нафари онҳо зӯроварии ҷисмониро аз сини 15 солагӣ ба баъд таҷриба кардааст. Аксаран аз ҷониби ҳамсар ё дигар шахсони наздики худ.»
ЮНИСЕФ ё Бунёди кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид аз 20 сол боз дар Тоҷикистон фаъолият менамояд. Барои амалӣ сохтани барномаҳои ин созмон, ки дар ҳамкорӣ бо ҳукумати Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст, дар давоми 20 сол ҳудудан 95 миллион доллар харҷ шудааст. Ва ба қавли раҳбари ин созмон дар Тоҷикистон Лайло Моширӣ, то замоне, ки нақзи ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон вуҷуд дорад ва то замоне, ки эъломияи ҳуқуқи кӯдак дар ин кишвар пурра риоя нашавад, онҳо фъаолияти худро қатъ нахоҳанд кард.