Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари ҷумҳури исломии Эрон аз ҳайати музокиракунандаи кишвараш бо қудратҳои шашгона, ташаккур кардааст. Ба гузориши торнамои расмии раҳбари Эрон, оқои Хоманаӣ тавофуқи ахирро "пояи иқдомоти ҳушмандонаи баъдӣ" донист. Пештар, раиси ҷумҳури Эрон дар номае ба Оятуллоҳ Хоманаӣ, дастёбӣ ба тавофуқи ахирро ба ӯ табрик гуфта ва навишта буд, "муваффақият дар ин музокирот нишон дод, ки метавон бо риояи ҳама усулҳо, қудратҳои бузургро ба эҳтиром ба ҳуқуқи миллати Эрон фаро хонд."
Ҳасани Рӯҳонӣ бо хушҳолӣ аз дастёбии Эрон ва қудратҳои ҷаҳонӣ ба тавофуқе пас аз 10 сол, ҳосили созишномаи ахирро ба расмият шинохта шудани ҳуқуқи ҳастаии Эрон донист. Оқои Рӯҳонӣ, ки чанд соат баъд аз имзои тавофуқнома дар Теҳрон сӯҳбат мекард, дастоварди музокироти Женеваро "касби ҳаққи ғанисозии Эрон дар хоки худ" унвон кард ва гуфт, дар матни тавофуқнома ошкор зикр шудааст, ки Эрон ғанисозии худро анҷом медиҳад.
Нахуствазири Исроил дар аввалин вокуниш ба тавофуқи Эрон ва гурӯҳи 5+1 дар Женева бо "бад" хондани он, гуфт: "Теҳрон тавонист бо он чи мехост, бирасад." Дафтари Бенямин Нетаняҳу дар баёнияе, ки субҳи якшанбе мунташир шуд, навишт, ки он чӣ Эрон мехост, бо бардоштани бахше аз таҳримҳо дар ҳоле, ки бахшҳои аслии барномаи ҳастаии Эрон побарҷост, ба даст омад. Оқои Нетаняҳу гуфтааст, идома фишорҳои иқтисодӣ натиҷаи беҳтаре аз ин тавофуқ ҳосил мекард. Вазири умури хориҷии Исроил ҳам гуфтааст, ки тавофуқи ахир, пирӯзии дипломатии бузурге барои Эрон буд.
Эрон ва кишварҳои 5+1, ки дар саввумин даври музокироти худ аз замони сари қудрати омадани давлати Ҳасани Рӯҳонӣ дар Женева гирд омада буданд, пас аз панҷ рӯзи гуфтугӯ, саранҷом ба тавофуқ расиданд. Тавофуқе, ки парвандаи атомии Эронро вориди марҳилаи нав мекунад. Ин тавофуқ дар ҳоле ҳосил шуд, ки то соатҳои аввали бомдоди имрӯз, тарафҳо машғули музокироте буданд, ки ҷузъиёте аз он ба берун паҳн нашуд.
Тайи солҳои гузашта ин нахустин бор аст, ки Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ тавонистанд бар сари парвандаи ҳастаии Теҳрон ба тавофуқ бирасанд. Гуфта мешавад, ки музокирот бинобар фишорҳои Эрон барои овардани "ҳаққ"-и ғанисозӣ дар тавофуқнома, то соатҳои бомдоди якшанбе идома кардааст. Ба ин мавзӯъ дар нишасти хабарии Муҳаммад Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон ва сипас Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико низ ишора шуд. Аммо ду тараф бардоштҳои гуногун дар мавриди он ироа кардаанд.
Дар ҳамин ҳол расонаҳо ҷузъёти мунташиршуда аз тавофуқи Эрон ва шаш қудрати ҷаҳониро нашр кардаанд, ки бар пояи он бояд чаҳор миллиард доллар аз пулҳои масдудшудаи Эрон озод шавад. Ҳамчунин фаъолиятҳо дар пойгоҳҳои ҳастаии Арок, Натанз ва Фарду ҳамакнун густариши бештаре надошта бошад ва ғанисозии зери панҷ дарсада, идома дошта бошад. Бар пояи ин гузоришҳои ҳаққи ғанисозӣ дар тавофуқнома барои Эрон дар назар гирифта шудааст.
Рӯзи шанбе вазирони умури хориҷии шаш қудрати ҷаҳонӣ барои ширкат дар даври ниҳоии музокирот оид ба барномаи ҳастаии Эрон ба Женева омаданд. Аз ин пеш як дипломати Иттиҳодияи Аврупо ба хабаргузориҳо гуфт, ки раҳбари бахши сиёсати берунаи Иттиҳодия Кэтрин Эштон ва вазири умури хориҷии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф дар гуфтушуниди рӯзи ҷумъа дар ҳалли мушкилоти аслӣ ба тавофуқ даст ёфтаанд.

Муҳаммад Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон дар як нишасти хабарӣ бидуни эъломи дақиқи ҷузъияти тавофуқнома байни Эрон ва гурӯҳи 5+1 таъкид кардааст, ки ҳаққи ғанисозии ураниюм барои Эрон дар он омадааст. Пештар гузориш шуда буд, ки меҳвари гуфтугӯҳо ҳамин мавзӯъ будааст. Ӯ дар айни ҳол гуфт, ин тавофуқ қадами аввал аст ва ибрози умедворӣ кард, ки эътимоди аз даст рафта, эҳё шавад.
Аз сӯи дигар Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико бо таъкид бар ин, ки дар ин гоми аввалӣ, фурсате эҷод шуда то тавофуқи фарогиртар пайгирӣ шавад, гуфтааст, ҳаққи ғанисозӣ дар ин қатънома пешбинӣ нашудааст. Оқои Керрӣ гуфтааст, дар баробари ончӣ Теҳрон анҷом хоҳад дод, қисме аз таҳримҳо аз байн бурда мешавад ва бахше аз пулҳои масдудшудаи Эрон ба ин кишвар боз мегардад. Ӯ аз ҷониби эронӣ барои он, ки ба гуфтугӯҳо омаданд, ташаккур кард.
Майкл Манн, сухангӯи Кэтрин Эштон, ҳамоҳангсози сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо ҳам ба хабарнигорони ҳозир дар Женева гуфт, ки Эрон ва гурӯҳи 5+1 ба тавофуқи ҳастаӣ даст ёфтаанд. Оқои Манн ба ҷузъиёти бештаре дар ин бора ишора накард. Ларент Фабиус, вазири умури хориҷии Фаронса низ дар гуфтугӯи кӯтоҳ ба хабарнигорон гуфт, ки ду тараф ба созиш даст ёфтаанд.Аз сӯи дигар Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико бо таъкид бар ин, ки дар ин гоми аввалӣ, фурсате эҷод шуда то тавофуқи фарогиртар пайгирӣ шавад, гуфтааст, ҳаққи ғанисозӣ дар ин қатънома пешбинӣ нашудааст. Оқои Керрӣ гуфтааст, дар баробари ончӣ Теҳрон анҷом хоҳад дод, қисме аз таҳримҳо аз байн бурда мешавад ва бахше аз пулҳои масдудшудаи Эрон ба ин кишвар боз мегардад. Ӯ аз ҷониби эронӣ барои он, ки ба гуфтугӯҳо омаданд, ташаккур кард.