Маҳмадюсуф Шодиев, сухангӯи Фурудгоҳи байналмиалии Душанбе ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки ба далели камбуди маводи сӯхт ва қимати баланди керосини авиатсионӣ, парвозҳои тронзитӣ ба таври қобили мулоҳиза кам шудаанд, ки албатта ба вазъи молиявии фурудгоҳи Душанбе таъсири манфӣ мерасонад.
Вай афзуд, ки агар то вақти пеш омадани камбуди маводи сӯхт, парвозҳои «Кобул-Душанбе-Лондон» ё "Остона-Душанбе-Маскав" амалӣ мешуданд, ҳоло онҳо барои гирифтани маводи сӯхт дар Самарқанд ва ё дар фурудгоҳҳои кишварҳои дигар фуруд меоянд. Ба гуфтаи сухангӯи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, қаблан ҳавопаймо аз Кобул меомад ва дар Душанбе менишаст, керосин мегирифт ва боз ба самти Лондон парвозро идома медод, аммо ҳоло бошад парвозҳои тронзитӣ тақрибан иҷро намешаванд.
Оқои Шодиев афзуд, "формулаи маъмул аст, ки ҳар чӣ қадар аз фурудгоҳ парвозҳои доимӣ, чартерӣ, транзитӣ зиёд анҷом гиранд, ҳамон қадар даромаднокӣ зиёд мешавад, аммо афсус, ки қимати нархи сӯзишвории авиатсионӣ имрӯз ба даромаднокии фурудгоҳ таъсири манфӣ мерасонад."
Ба далели камбуди маводи сӯхт ва қимати баланди керосини авиатсионӣ дар фурудгоҳҳои Тоҷикистон, аксари ҳавопаймоҳои мусофирбар маҷбуранд, баъди хуруҷ аз ҳарими ҳавоии Тоҷикистон дар ягон кишвари ҳамсоя барои такимли маводи сӯхташон пойин бишаванд. Ин боиси тӯл кашидани вақти парвоз ва саргардонии изофӣ барои мусофирон мешавад. Ин дар ҳолест, ки хабаргузориҳои Қирғизистон менависанд, ки ҳавопаймоҳои ширкати ҳавопаймоии “Ист Эйр”, ки асосан парвозҳояшро дар 2 масири Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб анҷом медиҳад, барои гирифтани маводи сӯхт дар фурудгоҳи Бишкек менишинанд.
Бинобар реҷаи таъйиншудаи парвозҳо, ҳавопаймоҳои ин ширкат то моҳи апрели соли 2014 аз Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб то фурудгоҳи Домодедовои Маскав ба ҳамин шева парвоз хоҳанд кард. Ширкати русии “S7 Эйрлайнз” низ бино бар камбуд ва гаронии нархи керосин дар фурудгоҳҳои Тоҷикистон аз ин шева кор гирифтааст. Ҳавопаймоҳо дар хатсайри Хуҷанд - Маскав низ то 1-уми декабри соли равон тавассути Бишкек парвоз мекунанд.
Гуфта мешавад, бино бар ин вазъи бамиёномада тақрибан ҳамаи парвозҳои чартерӣ ба Тоҷикистон мутаваққиф шудаанд ва баъзе ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон ба ғайри Бишкек барои харидории авикеросин бо нархи арзонтару мақбултар ҳамчунин дар фурудгоҳҳои Туркманистон ва Чимкенти Қазоқистон пойин мешаванд.
Арзонтарин нархи маводи сӯхти ҳавопаймоҳо дар Осиёи Марказӣ дар ҳоли ҳозир дар Туркманободи Туркманистон буда, 1 тоннаи авикеросин дар ин ҷо 1081 доллар қимат дорад. Бино ба ҳисоби хабаргузориҳои қирғизӣ, 1 тоннаи ин навъи маводи сӯхт дар фурудгоҳи Бишкек 1140 доллар, дар Алма- Ато 1393 доллар, вале дар Душанбе 1900 доллар қимат доштааст.