Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суғдиён дар Самарқанду Бухоро


Бахши ширкати сайёҳии “Суғдиён - Помир Тур” дар шаҳри Хуҷанд мегӯяд, сокинон бештар ба саёҳати шаҳрҳои Самарқанду Бухоро мераванд.

Ин ширкат ҳудуди 7 моҳ инҷониб ҳар моҳ сокинонро бо автобус ба як сафари 5 шабонарӯзӣ ба зиёрати ин шаҳрҳои таърихӣ мебарад.

Зокир Болтуев, мудири бахши ширкати мазкур дар Хуҷанд мегӯяд, сокинон тавассути ин ширкат ба кишварҳои дигар, мисли Чину Туркия ва Кореяи Ҷанубиву Таиланд умдатан бо ма;сади тиҷорат сафар мекунанд, аммо ба шаҳрҳои Самарқанду Бухорои Узбакистон ба хотири дидани ҷойҳои таърихӣ ва саёҳат. Вай дар сӯҳбат бо Озодӣ афзуд: “Ҳудуди 7 моҳ инҷониб мо ҳар моҳ 25- 35 нафар мизоҷони худро ба тамошои Самарқанду Бухоро бурда меорем. Талабгорон бисёранд.”

Зокир Болтуев
Зокир Болтуев
Мусоҳибам афзуд, ширкаташ саёҳаткунандагонро то сарҳади Тоҷикистон мебарад ва дар он сӯи хати марз, дар қаламрави Узбакистон саёҳатро дар автобуси Бухоро то замони бозгашт идома медиҳанд: “Сафари мизоҷонамон ба шаҳрҳои Самарқанду Бухоро 4 шабу 5 рӯз давом мекунад ва арзишаш 1 ҳазору 400 сомонӣ аст. Ба ин гирифтани раводиди Узбакистон, раҳкиро, меҳмонхона, наҳорӣ ва билети тамошои ҷойҳои таърихиву тамошобоб дохил мешавад. То ҳозир барои гирифтани визаву гузаштани хати сарҳад ва вақти саёҳат дар Узбакистон, бароямон мушкили ҷиддие наомадааст.”

Сафари сокинони кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистону Узбакистон ба кишварҳои ҳамдигар бо раводид (виза) сурат мегирад. Аз соли 2010 то соли равон ширкатҳои сайёҳии Суғд ба сабаби мушкили гирифтани визаи Узбакистон сафари мизоҷонашон ба ин кишварро қатъ карда буданд.

Ба гуфтаи дӯстдорони саёҳат, замони шӯравӣ, солҳои ҳаштодуми асри гузашта ҳаррӯза аз Хуҷанд ҳудуди 30 автобус бо сайёҳони тоҷик ба сӯи кишварҳои Осиёи Марказӣ роҳ пеш мегирифт. Вилояти Суғд низ ҳар рӯз тақрибан ҳамин қадар сайёҳони узбаку қирғиз ва қазоқу туркманро пазироӣ мекард.

Фирдавс, як ҷавони суғдӣ мегӯяд: “Дӯстонамонро даъват мекардем, меомаданд аз Узбакистону дигар кишварҳои ҳамсоя ба тамошои Хуҷанд. Мо ҳам роҳат мерафтем Панҷакент, аз он ҷо Самарқанду Бухоров то Қазоқистону Қирғизистон. Мутаассифона, баста шудани сарҳадҳо ва мушкили виза моро аз имкони сафари озодона ба кишварҳои ҳамдигар маҳрум намуд.”

Бино ба маълумоти раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар вилояти Суғд, дар ҳоли ҳозир дар минтақаи шимолии Тоҷиикистон 18 ширкати сайёҳӣ фаъолият мекунанд ва бештари онҳо ба пазироиву ташкили сафари сайёҳон дар Тоҷикистон ихтисос доранд. Дар ҳоли ҳозир танҳо ширкати “Суғдиён - Помир Тур” дар Тоҷикистон мизоҷонашро ба тамошои шаҳрҳои Самарқанду Бухоро ва Тошканди Узбакистон даст ёфтааст.

XS
SM
MD
LG