Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боми фурӯшгоҳи Рига фурӯ рафт ва 33 нафарро кушт


Бар асари фурӯ рафтани боми як фурӯшгоҳи бузург дар шаҳри Рига, пойтахти Латвия дасти кам 33 нафар кушта шудаанд. Маъмурони наҷот рӯзи ҷумъа ҷустуҷӯ дар дохили харобаҳои фурӯшгоҳро идома доданд. Се нафар аз қурбониёни фалокат, оташнишонҳо будаанд. Рӯзи панҷшанбе дар натиҷаи фӯру рафтани бом, ки вақти шом ва айни хариди мардум сурат гирифт, дасти кам 36 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Сабабҳои фалокатро таҳқиқ мекунанд, аммо ба гуфтаи мақомоти расмӣ дар боми фурӯшгоҳ кор барои бунёди як боғи тобистона идома доштааст. Фурӯшгоҳро соли 2011 сохтаанд ва Риҳардс Козловскис, вазири умури дохилии Латвия гуфтааст, “меъёрҳои сохтмонӣ риоят нашудааст."
XS
SM
MD
LG