Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хадамоти муҳоҷират: Ҳудуди 10 дар сад ба хориҷа сафар кардаанд


Аз ибтидои сол тақрибан 870 ҳазор аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба хориҷи кишвар сафар кардаанд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 104 ҳазор нафар бештар аст. Дар ин муддат тақрибан 609 ҳазор нафар ба Тоҷикистон баргаштаанд

Абдулло Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон, рӯзи 20 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, аз миёни онҳое, ки ба хориҷа сафар кардаанд, 729 ҳазору 619 нафар мард ва 139 ҳазору 919 нафар занонанд. Гуфта мешавад, ки 721 ҳазору 530 нафари онҳо, аз ҷумла, беш аз 88 ҳазор нафар занон маҳз барои дарёфти пул ба муҳоҷирати корӣ рафтаанд. Аксари онҳо ба Русия ва 8,5 ҳазор нафарашон барои кор вориди Қазоқистон шудаанд.

Занони тоҷик аз ҳама камтар ба Ҳиндустон 2 нафар ва ба Озарбойҷон 1 нафар сафар кардаанд.

Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, ки иттилоъ дар пояи гузоришҳои гузаргоҳҳои марзӣ ва фурудгоҳҳои ҷумҳурӣ тавассути варақаи муҳоҷиратии шаҳрвандони Тоҷикистон таҳия шудааст.

Дар ҳамин ҳол Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия, теъдоди муҳоҷирони кории тоҷикро 1,2 миллион нафар ҳисоб кардаааст.
XS
SM
MD
LG