Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манъи ронандагӣ бо "права"-и Тоҷикистон дар Русия


Мақомоти Русия фаъолияти мошинронӣ бо шаҳодатномаи ронандагии Тоҷикистон дар қаламрави он кишварро манъ мекунанд.

Абдулло Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ба радиои "Озодӣ" гуфт, мақомоти Русия сар аз 5-уми ноябри соли ҷорӣ бо шаҳодатномаи ронандагии Тоҷикистон дар қаламрави Русия фаъолият намуданро манъ намуданд. Ин дар ҳолест, ки садҳо муҳоҷири кории тоҷик бо шаҳодатномаҳои ронандагии Тоҷикистон тайи солҳои ахир дар Русия бо таксистӣ ва дигар намудҳои боркашонӣ машғул ҳастанд.

Вале чанде аз муҳоҷирони корӣ, ки дар ин кишвар ба ронандагӣ машғуланд ба Озодӣ гуфтанд, ки ҳоло ҳам бо шаҳодатномаи ронандагии Тоҷикистон фаъолият доранд. Яке аз ронандаҳо, ки худро Дилшод муаррифӣ кард, дар як мактуби худ ба Озодӣ аз ҷумла навиштааст: «Ман дар автопарки Москав №14 кор мекунам, дар автобус. Қонуни Русия бояд ҳамаи ронандагони мошинҳои ҷамъияти праваи русӣ бошад ва то моҳи май иҷозат додаанд, ҳоло бошад ҳамаи моро дар «учкомбинат» бо навбат ҳам кор мекунем ҳам хонда истодаем. Мо фақат теория месупорем, бародароне, ки таксӣ кор мекунанд бояд литсензия дошта бошанд, агар литсензия набошад мумкин нест, ин ҳам аз моҳи май. Лекин ҳама кор карда истодааст, ин ҷо на танҳо ба тоҷикон ҳатто белорусу, украина низ дахл дорад, литсензияро бе гражданства намедиҳанд».

Яке аз дигар муҳоҷири корӣ бо номи Алӣ, ки дар Маскав ба ронандагӣ машғул аст, гуфт, "воқеан ин қонун, яъне манъи ронандагӣ бо шаҳодатномаи тоҷикиву ғайри тоҷикӣ ба ҷуз русӣ гап-гап буд, аммо худи телевизионҳои дохилии Русия дубора эълон карданд, ки ронандагони хориҷӣ метавонанд то 14-уми моҳи май бо шаҳодатномаҳои худашон гарданд."

Гуфта мешавад, мақомоти Русия бо назардошти садамаи пурқурбоние, ки дар вилояти Самараи Русия рух дод ва 13 муҳоҷир аз Узбакистону Тоҷикистон ва Озарбойҷон ҳалок шудаанд, ин тасмимро гирифтаанд.

Ин садама шаби 12 ба 13 октябр, соатҳои тақрибан 23:50, дар километри 132-юми шоҳроҳи Самара – Болшая Черниговка дар ҳудуди ноҳияи Болшая Черниговка рух додааст ва ба иттилои намояндагии хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия, ронандаи ин микроавтобус Дилшод Сатторов, соли таваллудаш 1978, аз ноҳияи Файзободи Тоҷикистон будааст. Дилшод Сатторов мисли дигар муҳоҷирони таксист, бо шаҳодатномаи ронандагии Тоҷикистон дар Русия фаъолият доштааст.

Аммо тавре намояндагии Хадамоти муҳоҷират дар Русия мегӯяд, садамаи автобус дар Самара танҳо ҳодисае нест, ки боиси манъ кардани фаъолияти ронандагӣ бо шаҳодатномаи Тоҷикистон шуда бошад. Даҳҳо садамаҳое, ки аз тарафи шаҳрвандони кишварҳои дигар, ки дар Русия бо шаҳодатномаҳои кишварҳои худ ронандагӣ мекунанд, сабаби ин тасмими мақомоти рус шудааст.

Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, ки ин хабарро ба хотири он имрӯз мунташир кардаанд, ки ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандоне, ки қасди таксиронӣ ё ронандагӣ дар қаламрави Русияро доранд, бирасонанд, ки дигар бо шаҳодатномаи ронандагии Тоҷикистон иҷозаи фаъолият нахоҳанд дошт.
XS
SM
MD
LG