Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Нигоҳи баробар” ба ҳадафи диди яксон ба маълулон


Дар Тоҷикистон аввалин кинофестивал зери унвони «Нигоҳи баробар» оғоз шуд, ки дар бораи ҳаёти афроди имкониятҳои ҷисмониашон маҳдуд, нақл мекунад.

Барои ширкат дар ин ҷашнвора волидон бо кӯдакони имконияти ҷисмониашон маҳдуд даъват шудаанд.

Ҳилола Муҳаммадиева, як масъули Иттиҳоди миллии созмонҳои волидони кӯдакони имкониятҳояшон маҳдуди Душанбе дар сӯҳбат бо радиои “Озодӣ” гуфт, онҳо якҷо бо мақомоти расмӣ ва созмонҳои ғайридавлатӣ аввалин ҷашнвораи филмҳоро бо номи “Нигоҳи баробар” созмон додаанд ва ҳадафи ин ҷашнвора ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеа ба мушкили онҳоест, ки имкониятҳои ҷисмониашон маҳдуд аст. Дар ҷашнвора дар ин бора навору филмҳои кӯтоҳ ба намоиш медароянд. “Дар кинофестивал дар ҷои аввал меистад, ҳифз намудани ҳуқуқи ин кӯдакон. Ҳамчунин дар кинофестивал ролику филмҳо дар бораи одамони имкониятҳояшон маҳдуд, ки дар Тоҷикистону Қирғизистон ва Қазоқистону Русия наворбардорӣ шудаанд, намоиш дода мешаванд”-гуфт хонум Муҳамадиева.

Ҳилола Муҳаммадиева
Ҳилола Муҳаммадиева
Умедҷон 9-сола аст, аммо наметавонад бо лаҳни бурро суҳбат кунад. Ӯ дар мактаб-интернати кӯдакони имкониятҳояшон маҳдуд таҳсил мекунад. Умедҷон канда-канда ҳарф мезанад ва кӯшиш мекунад тавре сухан кунад, ки ҳамроҳонаш ҳарфи ӯро фаҳманд. “Дар интернат мехонам. Баҳои “4” мегирам. Муаллимаи ман Тошева аст”,- ин калимаҳоро Умедҷон бо кӯшишҳои зиёд дар суҳбат бо мо баён дошт.

Бо Умедҷон ҳамроҳи модар ва хоҳараш дар толори фарҳангии Филармонияи Тоҷикистон вохӯрдем, ки ба ҷашнвораи «Нигоҳи баробар»даъват шуда буданд.
Аслан Умедҷон аз ин беморияш чандон дилшикаста набуд, зеро дар сӯҳбат бо мо як нерӯи умедворкунанда дар қалбаш эҳсос мешуд. Ӯ ҳангоми тамошои филмҳо аз зиндагии қаҳрамонони он, ки онҳо низ маъюб буданд, завқ мебурд. Аммо наздиконаш ба орзуҳои ширину кӯдаконаи Умедҷон, бо табассуми ҳузнангез менигаранд.

Мастура Додоева, модари Умедҷон мегӯяд, соҳиби се фарзанд аст, аммо ҳарсе аз онҳо имконияти ҷисмонии маҳдуд доранд. Хонум Мастура дар сӯҳбат бо “Озодӣ” гуфт, фарзанди калонияш бемории руҳӣ дорад, Насиба-духтари дуввумаш маъюб, буда ва ягона писараш Умедҷон наметавонад хуб суҳбат кунад. Ӯ мегӯяд, шавҳараш се сол қабл вафот кардааст ва тарбияи ин се фарзанди маъюб ба дӯши ӯ афтодааст. Зеро ба гуфтаи ин модар, фарзадонаш аз ҷониби давлат ҳамагӣ сад сомонӣ нафақаи маъюбӣ мегиранд. Мастура Додоева афзуд: “Худам дар нозироти барқи ноҳияи Фирдавсӣ фаррош ҳастам. Мешавад моҳҳое, ки дар чор моҳ якбор маош мегирам. 250 сомонӣ ва гоҳҳо бо премия ба 302 сомонӣ мерасад. Албатта барои ман мушкил аст. Сабаби якбора се фарзандам маъюб шудан шояд дар он бошад, ки шавҳарам пиронсол буд”.

Умедҷон, модар ва хоҳаронаш.
Умедҷон, модар ва хоҳаронаш.
Бино ба омори расмӣ, ҳоло дар Тоҷикистон бештар аз 170 ҳазор шахсони дорои имкониятҳояшон маҳдуд ба сар мебаранд, ки аз онҳо 25 ҳазор нафарашон кӯдакон мебошанд. Бо ин, ки дар ин авохир таваҷҷӯҳ ба ин қишри ҷомеа бештар шудааст, аммо таҳлилгарон мегӯянд, атфоли маъюб дар Тоҷикистон барои таҳсил ва мактабравӣ шароити зарурӣ надоранду барояшон шаклҳои алтернативии таълим вуҷуд надорад. Аз сӯи дигар, на ҳама волидон шароити таҳсили фарзандонашонро дар мактабҳои вижа фароҳам меоранд. Масъалаи дигари низоми таълими ин кӯдакон дар камбуди омӯзгорон аст. Чунин омӯзгорон бояд ҳам фанни худро бидонанд ва ҳам тарзи кор бо кӯдакони маъюбро.

​Вале Ҳамза Наврӯзов, як масъули раёсати мактабҳои миёнаи Вазорати маорифи Тоҷикистон дар сӯҳбат бо радиои “Озодӣ” гуфт, дар ҳоли ҳозир ҳудуди 7 ҳазор нафар кӯдакони имкониятҳояшон маҳдуд дар қатори хонандагони солим ба таҳсил фаро гирифта шуданд. Ба гуфтаи оқои Наврӯзов, ҳамзамон бештар аз ҳазор нафар кӯдакони имкониятҳояшон маҳдуд, ки шароити таҳсил дар мактабро надоранд, дар хона таълим мегиранд ва ба онҳо санаде дар бораи гирифтани маълумот дода мешавад.

“Мо кӯшиш мекунем, ки чунин кӯдакон овора нашаванд. Дар мактабҳои махсусе, ки ҳаст, онҳоро ба таҳсил ҷалб мекунем. Аз сӯи дигар, мо барои омода кардани мутахассисон, китобҳои дарсӣ, барномаҳои таълимӣ кӯшиш карда истодаем. Ҳарчанд барои чунин нафарон, ки имкониятҳои маҳдуд доранд, мутахассисони хатмкардаи донишгоҳҳои олии кишварҳои хориҷ ҷалб шуда буданд, ҳоло онҳо ба корҳои дигар машғуланд. Аз ҳамин лиҳоз дар назди ҳамаи муасиссаҳои олии омӯзгорӣ мо мутахассисонро омода карда истодаем”-гуфт Наврӯзов.

Ҳамза Наврӯзов
Ҳамза Наврӯзов
Ҳоло дар кишвар 84 мактаб-интернат фаъолият менамояд, ки дар онҳо 10 ҳазор кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Ва дар баробари ин дар Тоҷикистон аз соли 2011 бо қарори ҳукумати кишвар, «Консепсияи миллии таҳсилоти фарогир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015» ба тасвиб расидаву, бар асоси он заминаҳои ҳуқуқии таълиму тарбияи кӯдакони имконияташон маҳдуд фароҳам оварда шудааст. Ва мақомот мегӯянд, ин санади мазкур имконият медиҳад, ки кӯдакони имконияташон маҳдуд сарфи назар аз шакли бемориву норасоии ҷисмонӣ якҷо бо кӯдакони солим таҳсил намоянд, то ки дар ҷомеа худро ҳамчун узви баробарҳуқуқ эҳсос кунанд.

Вале коршиносон барои беҳтар шудани системаи фарогирии таълиму тарбияи атфоли маъюб дар Тоҷикистон зарурати такмили қонунгузорӣ ва сиёсати маориф нисбати ин гуна кӯдакон, беҳтар кардани сифати хизмтарасонӣ ва баланд бардоштани сатҳи огаҳии ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҳимояи ҳуқуқи онҳоро аз иқдомҳои муҳим арзёбӣ мекунанд.

Бо ин ҳама таҳлилгарон мегӯянд, солҳои шwравӣ, мутахассисони мактаб-интернатҳои махсуси кишвар, аз ҷумла равоншиносон, дефектологу логопед ва сурдапедагогҳо дар берун аз кишвар ба таҳсили вижа фарогирифта мешуданд, вале имрӯз барои омода намудани чунин ихтисосҳо дар муассисаҳои таълимии кишвар имкониятҳои беҳтар вуҷуд надорад. Аммо Ҳамза Наврӯзов афзуд, ки вазорат тасмим гирифтааст, ки бо истифода аз саҳмияҳое, ки кишварҳои хориҷӣ дар ихтиёри Тоҷикистон мегузоранд, барои омада кардани мутахассисоне ки ба чунин кӯдакон таълим медиҳанд, барои таҳсил ба кишварҳои хориҷӣ бифиристад.

Зимнан, як гурӯҳ созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқу манфиатҳои афроди маълул моҳи марти соли равон аз давлати Тоҷикистон хоста буданд, то Конвенсияи оид ба ҳуқуқи маъюбони СММ-ро ба тасвиб расонад. Паймони маълулон сохтани тамоми зербинои лозим барои ин қишри осебпазир ва ироаи имтиёзҳои фаровон ба мардуми маъюбро дар назар дорад. Аммо давлати Тоҷикистон мегӯяд, дар ҳоли ҳозир ба далели вазъи иқтисодӣ наметавонад ин паймонро тасвиб кунад.
Ҷашнвораи мазкур ду рӯз давом мекунад. Дар поёни ҷашнвора 3 филми беҳтаринро эълон хоҳанд кард ва ҳамчунин дар маросими поёнии ҷашнвора бо ширкати кӯдакони имкониятҳояшон маҳдуд ва ситораҳои эстрадаи тоҷик баргузор консерт мегардад.
XS
SM
MD
LG