Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истифодаи калимаи "шаҳид" барои Маҳсуд ҷанҷол барангехт


Ҳакимуллоҳ Маҳсуд.
Ҳакимуллоҳ Маҳсуд.

Ҳафтаи гузашта дар Покистон баҳси лафзие дар мавриди истифодаи калимаи "шаҳид" барои раҳбари кушташудаи Толибони ин кишвар Ҳакимуллоҳ Маҳсуд бархост, ки то кунун фурӯкаш нашудааст.

Ҷанҷол аз он ҷо бархост, ки ба дунболи қатли раҳбари Ҳаракати Толибони Покистон (TTP) Ҳакимуллоҳ Маҳсуд дар таърихи 1-уми ноябр аз сӯи ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини амрикоӣ дар минтақаи қабиланишини Вазиристони Шимолӣ, Саид Мунаввар Ҳасан, раҳбари ҳизби "Ҷамоати исломӣ"-умдатарин ҳизби динии ин кишвар, дар як мусоҳибаи телевизионӣ аз ӯ ба унвони "шаҳид" ном бурд.

Оқои Ҳасан дар ин мусоҳиба гуфт, фикр мекунад, ки Ҳакимуллоҳ Маҳсуд раҳбари пешини Ҳаракати Толибони Покистон "шаҳид" шудааст. Раҳбари ҳизби "Ҷамоати исломӣ" дар он сӯҳбат ҳамчунин гуфтааст, ки сарбозони покистонӣ, ки дар набардҳо бо мусаллаҳони гурӯҳҳои исломӣ кушта шудаанд, низ “шаҳид” нестанд, зеро онҳо ҳампаймони Амрикоянд.

Суханони ин раҳбари ҳизби сиёсӣ хашми артишро ба вуҷуд овард ва нерӯҳои мусаллаҳи Покистон изҳороти раҳбари ин ҳизби пурқудрати кишварро маҳкум карданд. Сухангӯи артиши Покистон изҳороти Саид Мунаввар Ҳасанро, ки Ҳакимулло Маҳсудро “шаҳид” номид, “бемасъулиятона” арзёбӣ кард ва онро таҳқири ҳазорон мардуми бегуноҳ ва сарбозоне номид, ки аз сӯи гурӯҳҳои ситезаҷӯ кушта шудаанд. Дар ин баёния артиш аз Саид Мунаввар Ҳасан хост, ки барои ин суханонаш аз артиш ва хонаводаҳои сарбозоне, ки дар набардҳо бо Толибон кушта шудаанд, узрхоҳӣ намояд.

Мунаввар Ҳасан, раҳбари ҳизби "Ҷамоати исломӣ"
Мунаввар Ҳасан, раҳбари ҳизби "Ҷамоати исломӣ"
​Аммо ҳизби Ҷамоати исломии Покистон дар вокуниш ба ин изҳороти артиш дар нисбати раҳбари худ гуфт, ки артиш ҳаққ надорад ба таври мустақим дар умури сиёсии кишвар мудохила кунад. Лаёқат Балуч, аз раҳбарони ҳизби "Ҷамоати исломӣ" рӯзи 11-уми ноябра ба дунболи нишасти Шӯрои сиёсии ҳизбаш ба хабарнигорон гуфтааст, ки ин изҳороти артиш сирф сиёсист ва он ҳаққ надорад дар сиёсати ва умури демокрасӣ мудохила намояд. Зеро ба гуфтаи ин мақоми "Ҷамоати исломӣ", пушти ин баҳсҳо, дур кардани афкори умумӣ аз масоили умда, чун поён додан ба ҳамлаи ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин ва қатъи роҳи икмолот барои нерӯҳои НАТО аз қаламрави ин кишвар мебошад.

Баҳси лафзӣ дар ин қазия ҳоло дар доираи артиш ва Ҷамоати исломӣ мунҳасир намонда ва ҷомеаи ин кишварро ба баҳс кашидааст. Шӯрои вакилони музофоти Синд, ки Ҳизби мардумии президенти пешин Осиф Алӣ Зардорӣ дар он ҳукумат мекунад, рӯзи гузашта алайҳи изҳороти Саид Мунаввар Ҳасан резолютсия қабул кард. Аҳзоби дигари сиёсии ин кишвар ҳамакнун талош доранд, ки ин баҳсро ба парлумони кишвар бикашанд.

Баҳси ширкати Исломобод дар ҷанги Амрико алайҳи терроризм ҳамвора дар ҷомеаи Покистон матраҳ буда, иддае онро бо ишора ба хисорот ва зиёни ҷонӣ ва молие, ки ин кишвар аз ин набард дидааст, бефоида мехонанд. Аммо артиш ва ҳукуматҳои гузаштаи Покистон, ки дар раъси он Парвиз Мушарраф ва Осиф Алӣ Зардорӣ қарор доштанд, ҳамвора таъкид кардаанд, ки гурӯҳҳои ситезаҷӯ ба амнияти минтақа таҳдид намуда ва ширкат дар мубориза алайҳи терроризм ба нафъи Покистон низ ҳаст.

Ҳаракати Толибони Покистон дар солҳои 2003-2004 дар манотиқи қабиланишини ҳаммарз бо Афғонистон таъсис шуда, дар набард бо ҳукумати ин кишвар қарор дорад. Мақомоти Покистон мегӯянд, ки давоми ин солҳо ҳудуди 50 ҳазор нафар аз афроди ғайри низомӣ ва кормандони аниятӣ кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG