Cоли 1979 эътирозгарон сафоратро ба тасарруфи худ дароварданд ва кормандони онро гаравгон гирифтанд. Бино ба гузориши хабаргузориҳои Эрон, эътирозгарони муҳофизакор шиорҳову овезаҳои зидди Амрикоӣ дар даст доштанд. Онҳо парчамҳоро алвонҷ медоданд ва “Марг бар Амрико” мегуфтанд. Як донишҷӯдухтар чунин мегуфт:
“Ман кишварамро дӯст дорам. Эрониам. Намегузорам пои ҳеҷ муттаҷовиз дар кишварам боз шавад. Намегузорам”.
Ҳасан Рӯҳонӣ-раиси ҷумҳури нав дар ин раҳпаймоӣ ширкат наҷуст. Вале хабаргузориҳои Эрон менависанд, ки баъзе аъзои кобина аз бахши беҳдошту маориф дар ин тазоҳурот ширкат кардаанд. Дар миёни ононе, ки дар поёни раҳпаймоӣ сухан ронданд, Саид Ҷалилӣ-раҳбари пешини ҳайати музокироти ҳастаии Эрон ва номзади шикастхӯрдаи раёсати ҷумҳурӣ низ буд. Вай аз сафорати Амрико дар Эрон “лонаи ҷосусӣ” ном бурд ва нишон дод, ки инқилоби исломӣ аз роҳи дуруст пеш меравад. Ҷалилӣ ҳамчунин аз шиори “Марг бар Амрико” дифоъ кард ва онро шиори “муттаффаккирона ва воқеъбинона” арзёбӣ намуд. Вай илова кард, ки ин шиор бар зидди мардуми Амрико нест, балки бар зидди давлатмардони Амрикост. Ҷалилӣ гуфт, ки эрониҳо ба таври якпорча аз давлату ҳукумати мазҳабӣ ҷонибдорӣ мекунанд.
Чунин раҳпаймоӣ ҳар сол 4 ноябр баргузор мешавад. Вале таҳлилгарон мегӯянд, ки соли ҷорӣ он аҳамияти вижае дошт, зеро соли ҷорӣ муҳофизакорон бо ин эътирози худ ба талошҳои Ҳасан Рӯҳонӣ-раиси ҷумҳури нав мухолифат нишон доданд, дар ҳоле, ки Рӯҳонӣ мехоҳад шиддати муносиботи сарди миёни кишварҳои ғарбӣ бо Эрон коҳиш ёбад.
Як гуфтугӯи телефонии Ҳасан Рӯҳониро бо Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико дар моҳи сентябр бисёре аз мардуми Эрон бо қаноатмандӣ қабул карданд. Вале бисёре аз муҳофизакорон ба он бархӯрди шубҳаомез доштанд.
4 ноябри соли 1979 фаъолони донишҷӯ ба сафорати Эрон ҳамла бурданд. 52 нафарро гаравгон гирифтанд ва онҳоро 444 рӯз дар гаравгонӣ нигоҳ доштанд.
Ҳукумати нави Эрон бо нишон додани нармиш ба Ғарб шояд то андозае мавриди ситоиш қарор гирифтааст. Вале дар дохил мисли ҳамеша мухолифати муҳофизакорон ҳамчунон боқӣ мондааст. Бо як ҷумла онро ин гуна мешавад хулоса кард: Нарм дар хориҷ, якрав дар дохил. Шояд чунин арзёбӣ барои сиёсатҳои хориҷиву дохилии Эрон муносибтар аст.
Аз замоне, ки Ҳасан Рӯҳонӣ дар моҳи августи соли 2013 раҳбарии ҳукуматро расман ба даст гирифт, барои гузашт дар музокироти ҳастаии кишвараш дар маҳофили байналмиллалӣ мариди ситоиш қарор гирифт. Чунин ситоиш ҳатто аз сӯи кишварҳое садо дод, ки ба омодагии Эрон барои ҳали бӯҳрони барномаҳои ҳастаиаш дар музокирот шак доштанд. Ҷен Псакӣ-сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Амрико баъд аз музокироти ҳастаии Эрон бо шаш кишвари абарқудрати ҷаҳон, ки моҳи октябр дар Женев баргузор шуд, роҷеъ ба ҳукумати нави Эрон чунин изҳори ақида кард:
“Бо ҳукумати наве, ки рӯи кор омадааст, мо дар сатҳи дигар қарор дорем, дар сатҳи гуфтугӯ, ки ҳеҷ гоҳ дар гузашта чунин набудааст”.
Ин гуна изҳорот, ки аз ҷониби Иттиҳодияи Аврупо ва Ожонси ҳастаии вобаста ба СММ низ садо дода буд, тасаввуреро ба вуҷуд овард, ки гӯё ҳукумати Эрон омода аст нисбат ба пеш гузаштҳои бештареро баррасӣ кунад. Вале он чӣ дар дохили Эрон мегузарад, нишон медиҳад, ки дар дохил рафтор фарқ мекунад.
Ҳодӣ Қоимӣ-мудири маркази байналмиллалӣ барои ҳуқуқи башари Эрон мегӯяд, "муҳофизакорон, ки дар моҳи июн интихоботи раёсати ҷумҳуриро ба Рӯҳонӣ бохтанд, корро ба ақиб мекашанд, то мутмаин шаванд, ки нармишҳо бо корҳои хориҷӣ оғоз ва бо корҳои хориҷӣ анҷом меёбад. Вай меафзояд, бо вуҷуди он ки муҳофизакорон интихоботи моҳи июнро бохтанд, вале то ҳол контроли ниҳодҳои муҳими давлатиро дар ихтиёр доранд. Масалан, низоми додгоҳӣ, нируҳои мусаллаҳ, Сипоҳ ё Горди Инқилоб, кашф ва ниҳодҳои амниятӣ зери назорати онҳо қарор доранд ва ин нируҳо хеле қаввӣ ҳастанд. Ҳоло ҳамаи ин нируҳо талош доранд аз шеваҳои фишор кор бигиранд. Барои ҳамин ҳар гуна равиш дар сисёсати хориҷӣ ҳокимияти ин ниҳодҳоро дар дохил халадор карда наметавонад".
Вале чунин ҳол тавоноии ҳукумати Рӯҳониро барои иҷрои ваъдаҳои ҳукуматаш ҷиҳати хотима гузоштан ба “фишору тундгароӣ” дар давоми ин се моҳ зери суол бурдааст. Аз ҷумла вай қавл дода буд, ки зиндониёни сисёсиро раҳо мекунад, ки дар миёни онҳо раҳбарони Ҷунбиши Сабз Мирҳусейн Мусавӣ ва Меҳдӣ Каррубӣ низ хоҳанд буд. Баъзе аз зиндониёни сатҳи поин раҳо шуданд. Аммо Мусавӣ ҳамоно дар ҳабси хонагӣ ба сар мебарад ва иддао мешавад, ки ду духтари вайро нируҳои амниятӣ баъд аз дидор бо падарашон шаллоқ задаанд. Бино ба гузоришҳо, нируҳои амниятӣ Каррубиро ба хонаи амни вазорати кашф интиқол додаанд.
Муҳофизакорон қудрати худро ба намоиш гузоштаанд ва баъд аз сари кор омадани Рӯҳонӣ як нашрияи ислоҳталабонро бо номи “Баҳор” бастанд. Ниҳоди давлатии назорат бар матбуот ин рӯзномаро барои чопи мақолае баст, ки аз шахсиятҳои мазҳабиро ба боди интиқод гирифт. Нозирони матбуотӣ гуфтанд, ки ин рӯзнома низоми мазҳабии ҷумҳурии исломиро интиқод кардааст.
Скот Лукаш-сардабири EA Worldview ё маркази таҳлилии рӯзноманигорӣ мегӯяд, бастани “Баҳор” паёми рӯшане ба ҷонибдорони Рӯҳонӣ буд, ки дигар аз низоми раҳбарӣ интиқод накунанд. Вай мегӯяд, “Содиқ Лориҷонӣ-раҳбари қувваи қазоӣ ва яке аз шахсиятҳои қаввӣ баъд аз бастани “Баҳор” гуфт, чопи ҳар мақола, ки ба мавзеъгириҳои сисёсӣ мутобиқ нест, метавонад сабаби кашидан ба муҷозот шавад, яъне ё баста ва ё боздошта мешавад. Вай бо ин ҳушдор ҳамаи гуфтаҳои Рӯҳониро дар бораи сосур ва боз кардани мутбуот аз ёд бурд. Ба ин тартиб вай нишон дод, ки онҳо ҳанӯз дар сари кор қарор доранд. Ин як навъ чолиши ҷиддӣ барои Рӯҳонӣ буд”.
Ҳамзамон муҳофизакорон қадамҳои дигаре ба пеш мегузоранд, то сиёсатҳои хориҷии Рӯҳониро ба чолиш бикашанд ва нишон диҳанд, ки вай дар дохил бо ин кораш аз ҳимояти маҳдуд бархурдор хоҳад буд.
Ба ин далел 4 ноябр ҷиноҳҳои тундрав бо шиорҳои “Марг бар Амрико” 34 солгарди ҳамла ба сафорати Эрон дар Теҳронро баргузор карданд. Бо назардошти ҳамаи ин Лукаш мегӯяд, аз имкон дур аст, ки ба зудӣ сиёсати дурӯяи Эрон, яъне сиёсати хориҷии нарм ва сисёсати муҳофизакорӣ дар дохилӣ тағир ёбад. Барои ҳамин ба раёсати ҷумҳурии Рӯҳонӣ шояд аз ду зовия назар афкананд, аз зовияи аввал ба сисёсати хориҷӣ ва аз зовияи дигар ба сисёсати дохилӣ.