Ин мулоқотҳо, ки 16-уми октябр аз шаҳри Душанбе оғоз ёфта, дар вилоятҳои Суғду Хатлон идома пайдо кард, дар вилояти Бадахшон анҷом шуд. Тибқи нақша, дар ҷараёни ин сафарҳо номзадҳо бо мардум вохӯрда, ҳар кадом 15-дақиқаӣ суханронӣ кардаву барномаҳои пешазинтихоботии худ ва ҳизби худро муаррифӣ намуд. Ҳамзамон, барои таблиғи ҳар номзад дар телевизионҳои давлатӣ нимсоатӣ вақт ҷудо гардид. Бо вуҷуди он, ки мулоқоти номзадҳо якрангу якнавохт гузаштааст, дар ин муддат бархе аз онҳо тавонистанд, бо баъзе аз ваъдаҳо ва пешниҳодҳои худ то андозае хабарсоз шаванд.
Аз ҷумла Саидҷаъфар Исмонов, номзад ба мақоми президентӣ аз Ҳизби демократии Тоҷикистон гуфт, "дар сурати пирӯз омаданаш, ширкатҳои мобилӣ дар Тоҷикистонро давлатӣ хоҳад кард. Ба пешниҳоди Саидҷаъфар Исмонов соҳаи мобилӣ бояд ба инҳисори давлатӣ табдил дода шавад.
Вай мегӯяд, «ин соҳаи сердаромад ва тиҷорати мӯътадил аст. Аммо бубинед, вақте тамоми ҳолатҳои ғайричашмдошт дар кишвар мешавад, кулли қишри ниёзманди аҳолӣ ба дӯши давлат бор аст. Пас чаро ҳукумат бояд тиҷорати рақами якро дар дасти мардум нигаҳ дорад, дар ҳоле, ки истеҳсолоту иқтисодиёташ то ба дараҷаа зурурӣ рушдкарда нест. Ҳоло 95 фоизи тиҷорат дар дасти мардум аст. Садҳо миллион даромади ширкатҳои мобилӣ ҳамааш ба хориҷи кишвар меравад ва мо то имрӯз мушоҳида накардем, ки кадоме аз онҳо корхонае сохта бошад. Яъне, бо пешниҳоди мо тамоми таҷҳизоти ин ширкатро давлат ба фоидаи худ мегирад ва ба ивазаш маблағи сарфнамудаи соҳибкор ба ӯ баргардонида мешавад ва инчунин имконияти имтиёзҳои баланд дода мешавад то ин, ки вай дар дилхоҳ соҳаи истеҳсолот кор кунад.»
Ҳамчунин ҷаноби Исмонов роҳандозии хадамоти ройгони тиббӣ ва бо манзили якҳуҷрагӣ таъмин намудани хатмкунандагони мактаб-интернатҳоро ваъда медиҳад. Дар баробари ин, номзад аз ҳизби демократи Тоҷикистон пешниҳод дорад, ки ба хотири ҷилвагирӣ аз ҳукми ғайримунсифона, танҳо афроди синнашон аз 50 ба боло, судя таъин шавад.
Зимни мулоқот бо интихобкунандагон як пешниҳоди ҷолиби дигар аз сӯи Исмоил Талбаков, номзад аз ҳизби коммунисти Тоҷикистон садо додааст, ки мегӯяд, агар президент шавад ибораи «Ҷаноби Олӣ»-ро ба «Рафиқ» иваз мекунад. Исмоил Талбаков «Ҷаноби олӣ» хитоб кардани президентро як навъ хушомадгӯи медонад ва онро берун аз принсипи асосии ҳизби коммунистии Тоҷикистон, ки баробарист, арзёбӣ мекунад. Ҷаноби Талбаков дар ин замина гуфт, «сарфи назар аз он, ки шахс дар кадом мақом аст, приснипи баробариву бародарӣ бояд риоя гардад. Албатта, ман ба дигар номзадҳо кор надорам, шояд ба онҳо низ «ҷаноби олӣ» маъқул бошад, вале мавқеи ман ин аст, ки ба ман «рафиқ президент» ё «рафиқ Талбаков» гуфта муроҷиат кунанд.»
Ҳамчунин Исмоил Талбаков мегӯяд, дар сурати сари қудрат омадан, ба хешутаборбозӣ дар мақомотҳои кишвар хотима мегузорад ва хидмати ҳатмии ҳарбиро як сола мекунад.
Ба ҳамин тартиб Толиббек Бухориев, номзад ба мансаби президентӣ аз ҳизби аграрӣ гуфтааст, беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардумро дар авлавияти кори худ қарор медиҳад. Ӯ таъкид кардааст, барномаи ҷиддиеро рӯи даст дорад, ки соҳаи кишоварзиро аз вартаи бӯҳрон берун меорад ва барои рушди он мусоидат мекунад. Толиббек Бухориев бо ишора ба воридотӣ будани аксари маҳсулоти ниёзи аввал бидуни рушди бахши кишоварзӣ дар Тоҷикистон муваффақ шудан ба амнияти ғизоиро аз эҳтимол дур медонад.
Дар ҳамин ҳол, Олим Бобоев, номзад ба мансаби президентӣ аз ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, вазъи иқтисодии кишварро нигаронкунанда арзёбӣ карда, ваъда додааст, ки рушди босуръати ҳамин бахши муҳимро таъмин месозад. Тибқи таҳлилҳои ҳизби Олим Бобоев, рушди иқтисодиёт дар кишвар бештар аз болоравии нарх бастагӣ доштааст, то ба афзоиши истеҳсолот Аз ин хотир, вай роҳандозии ислоҳотро дар ҳамин самт ба нақша доштааст.
Аммо Абдуҳалим Ғаффоров, номзади ҳизби сотсиалистӣ, ки барномаи онҳо низ хусусияти иҷтимоӣ дорад, бунёди коргоҳҳои азими истеҳсолиро омили зиндагии шоиста мардум медонад. Абдуҳалим Ғаффоров ҳадафи худро аз ба сари қудрат омадан, таъмини ҳаёти арзандаро ба ҳар нафар унвон мекунад.
Ҳарчанд зоҳиран ин 5 номзад дар барномаҳои пешазинтихоботии худ ҳалли мушкилоти умда ва мубрами мадумро дарҷ кардаанд, аммо тибқи мушоҳидаҳо мулоқоти онҳо дар ҳама минтақаҳои кишвар аз рӯи як сенария сурат гирифтааст. Онҳое, ки дар толор гӯш ба ваъдаҳои ин номзадҳо додаанд, бидуни кадом суолу ҷавоб баробари анҷом шудани суханронии номзадон бошитоб макони мулоқотро тарк мекарданд.
Таҳлилгарон иллати бетаваҷҷӯҳии мардум ба корзори интихоботиро ба маъруф набудани номзадҳои пешбаришуда ва тавони ночизи онҳо дар муқобили номзади ҳизби ҳоким мебинанд. Аз тарафи дигар, ба бовари бисёриҳо, ҳизбҳое, ки номзадҳояшонро ба мақоми президентӣ мондаанд, аслан, ҳизбҳои кисагианд, ки танҳо ба хотири алтернативӣ ҷилва додани интихоботи рӯзи 6-уми ноябр, номзади худро пешбарӣ кардаанд.
Ба андешаи таҳлилгарон ин 5 номзад, ки худ ба пирӯзияшон дар интихобот бовар надоранд, дар маҷмӯъ афроде ҳастанд, барономаҳои хусусӣ худро аз тариқи ширкат дар ин корзор амалӣ мекунанд. Саймуддини Дӯстов, раҳбари созмони Индем мегӯяд, агар симои умумии ин 5 нафарро тасвир кунем, як номзади бознишастаеро хоҳем дошт, ки ҳеҷ ба нафақа баромадан намехоҳад. Ӯ нафарест, ки аз худ уламои вақт метарошад, аммо дар баробари ин дар зиндагӣ куллан номуваффақ будааст.
Ҷаноби Дӯстов ҳамчунин афзуд, «ин образ таъриф карданро дӯст медорад, чоплус аст ва нафаре мебошад, ки шахсияташ матраҳ нест. Воқеан, барои нафароне, ки номуваффақ будаанд, ширкат дар ин мазҳака шояд комёбӣ бошад ва барояшон рӯҳияву илҳом бахшад. Вале аз берун барои тамошобин ин ҳамаро дидан, дар ҳоле, ки сухан дар бораи раъйи мардум ва интихоби роҳбари давлату сарфармондеҳи қувваҳои олии мамлакат меравад, кори нангин ва дардовар аст. »
Саймиддин Дӯстов мегӯяд, суханронӣ ва мӯҳтавои барномаҳои номзади кисагӣ симои Бобишо Шоев, як номзад ба мақоми президентиро дар соли 1991 ба ёд меорад, ки барномаҳои аҷибу бепоя ва ғайри қобили иҷроро пешниҳод карда буд.
Аммо дар тасаввури Амнияти Абдулназар, таҳлилгари тоҷик, симои умуми номзади кисагӣ шахси манфиатҷӯест, ки дар сар танҳо андешаи пайдо ва мустаҳкам кардани мавқеаш дар ҷомеаро дорад. Ӯ афзуд, «ин шахс пеш аз ҳама мансабпараст аст. Чун агар дар хотир дошта бошед, бархе аз ин номзадҳо дар интихоботи гузашта низ иштирок доштанд ва баъдан аз сӯи ҳукумат қадрдонӣ ҳам гардиданд. Ва ин дафъа низ ширкаташон ба хотири соҳиби мансаб шудан аст, чун имрӯз дар ҷомеа мансаб ягон васила даромад ва эҳтиром аст.»
Ин мусоҳибони мо мегӯянд, номзади кисагӣ ҳар бор беибо таъкид мекунад, ки ба хотири пуштибонӣ аз «номзади дигар» дар интихобот ширкат дорад. Яъне ӯ эътироф мекунад, ки ба маҳзи бозии сиёсӣ вориди ин корзор шудааст ва аз ин амал худаш ҳаловат мебарад.
Аммо бо вуҷуди ин ҳама гуфтугузорҳои таҳлилгарон, дар мавриди баргузории интихоботи берақобат, вале боз ҳам мақомот мутмаин аст, ки ин панҷ номзад бо ҳузури худ тавонистаанд интихоботи шаффофу демократиро ба вуҷуд оранд.
Ба ин тартиб интихоботи раёсатҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 6-уми ноябр бо ширкати 6 номзад - аз ҳизби ҳокими халқии демократӣ - раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, аз ҳизби коммунист - Исмоил Талбаков, аз ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ - Олим Бобоев, аз ҳизби аграрӣ - Толиббек Бухориев, аз ҳизби демократ - Саидҷаъфар Исмонов ва аз ҳизби сотсиалист Абдуҳалим Ғаффоров баргузор мешавад..
Ба ақидаи аксари нозирони умур, интихобот бо пирӯзии Эмомалӣ Раҳмон анҷом хоҳад ёфт ва суол танҳо ин аст, ки бо чанд дасради оро?