Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Сафорат баста аст!" Ҳама ба ҷабҳа рафтанд?


Дар сафорати Тоҷикистон дар Маскав ва намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия фақат ду-се тан аз кормандон боқӣ мондаанду халос.

Хабари шурӯъ аз 29 октябр ба шаҳрҳои гуногуни Русия сафар кардани дипломатҳои тоҷик ва кормандони намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Маскавро Муҳаммад Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар ин кишвар тайид кард. Ба гуфтаи ӯ, ҳадаф аз ин сафар ташвиқу тарғиби нафаре аз номзадҳои интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон нест - ин дипломатҳо, бо қарори Комиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии кишвар, масъулияти раҳбарӣ ё узвият дар ҳавзаҳои интихоботӣ дар 24 шаҳри Русияро бар ӯҳда доранд.

Дипломати тоҷик афзуд, дар Русия теъдоди бузурги шаҳрвандони Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд ва аз ин рӯ тасмим гирифта шудааст, ки аз вилояти Калининград то Шарқи Дур ва аз шимол то ҷануби Русия қитъаҳои интихоботӣ боз шаванд. Тайи чанд рӯзе, ки то раъйдиҳӣ боқӣ мондааст, дипломатҳо ва масъулини қитъаҳои интихоботӣ, ки аз Душанбе вориди Русия шудаанд, бояд корҳои ташкилӣ – дарёфти бино барои қитъаи интихоботӣ, огаҳ кардани мардум аз макони раъйдиҳиро анҷом диҳанд. Зимнан, ба гуфтаи Муҳаммад Эгамзод, дар корҳои омодагӣ ба онҳо масъулини намояндагиҳои вазорати умури хориҷии Русия дар вилоятҳо кӯмак мекунанд.

Аз ин пеш бархе аз коршиносон аз он изҳори нигаронӣ карданд, ки дар вазъи сангини муҳоҷирони корӣ ва дар арафаи раҳпаймоии нажодпарастони рус дар сафорату намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон тақрибан касе намондааст то ба доди ҳамватанҳо бирасад. Сухангӯи сафорати Тоҷикистон ҳам иқрор мекунад, дар вазъи феълии Маскав, ки нажодпарастҳои рус даст ба хушунат мезананд, шояд теъдоде аз муҳоҷирон аз ширкат дар раъйдиҳӣ худдорӣ кунанд. Ду рӯз қабл аз раъйдиҳӣ қавмгароҳои рус бо иҷозаи шаҳрдории Маскав раҳпаймоӣ зидди муҳоҷирони корӣ аз Қафқозу Осиёи Миёнаро доир хоҳанд кард. Муҳаммад Эгамзод мегӯяд, “мо аз сохторҳои марбутаи пойтахти Русия хоҳиш кардаем, ки ба рафтуомади озодонаву бидуни мушкили шаҳрвандони Тоҷикистон дар рӯзи 6 ноябр мусоидат кунанд”. Ҳамин гуна
номаҳо, ба гуфтаи дипломати тоҷик, ба волиҳои вилоятҳои Русия ҳам ирсол шудааст. Аммо агар муҳоҷирон аз тарси ҳамлаи миллатгароҳо аз коргоҳ ё маҳалли зисти дастаҷамъонаи худ берун шуда намехоҳанд, онҳо метавонанд бо қитъаи интихоботӣ дар тамос шаванд ва он гоҳ масъулини қитъа шояд худашон бо қуттиҳои сайёр назди онҳо раванд.

Муҳаммад Эгамзод бо таассуф меафзояд, имкони ба раъйдиҳӣ ҷалб кардани тоҷиконе, ки дар манотиқи дур аз шаҳрҳои бузурги Русия ба сар мебаранд, мавҷуд нест, аммо, ба ҳар сурат, аз созмонҳои муҳоҷирин дар вилоёти Русия даъват шудааст то дар овардани муҳоҷирон аз дигар манотиқ кӯмак намоянд.

Вале ба назар мерасад, ки на фақат дар Русия, балки дар дигар гӯшаҳои олам низ теъдоди зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон аз ширкат дар раъйдиҳӣ маҳрум хоҳанд монд.

Имомиддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Олмон, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар шаҳрҳои гуногуни ин кишвар тақрибан яку ним ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон ба сар мебаранд. Қариб дар ҳама шаҳрҳо чандин тан аз ҷавонони тоҷик машғули таҳсиланд, олмонитаборони зиёде ҳастанд, ки шаҳрвандии Тоҷикистонро гум накардаанд. “Мо ҳавзаи интихоботиро дар шаҳри Берлин, дар бинои сафорат боз кардем ва тавассути Фейсбук ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҳама шаҳрвандон, аз ҷумла, аз онҳое, ки дар Ҷумҳурии Чех ба сар мебаранд, даъват кардаем, ки ба ин ҷо омада раъй диҳанд”, изҳор намуд сафири Тоҷикистон. Ба гуфтаи Имомиддин Сатторов, дар назди сафоратхонаҳои Тоҷикистон дар Брюссел, Лондон, Вена ҳам қитъаҳои интихоботӣ фаъоланд. Ӯ меафзояд, “аслан фарқ надорад, ки шаҳрвандон дар куҷо овоз медиҳанд. Бигирем, шаҳри Кёлни Олмон ба Брюссел наздик аст, шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд он ҷо рафта раъй диҳанд, ё Прага назар ба Франкфурту Мюнхен ба мо наздиктар аст, тоҷикони муқими ин шаҳр метавонанд барои овоздиҳӣ ба Берлин биёянд”.

Барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки муқими Амрикоянд, дар Вошингтон, дар бинои сафорати Тоҷикистон ва дар Ню-Йорк, дар бинои намояндагии Тоҷикистон дар СММ, қитъаҳои интихоботӣ боз шудаанд. Нуриддин Шамсов, сафири Тоҷикистон дар ИМА мегӯяд, ки бештари шаҳрвандони Тоҷикистон дар аёлати Вошингтон ва дар атрофи он – дар аёлатҳои Вирҷиния, Мэрелин ва дар Ню-Йорку аёлати Ню-Ҷерсӣ ба сар мебаранд ва онҳо барои ба қитъаҳои интихоботӣ омадан мушкиле нахоҳанд дошт. Фақат дар Вошингтону атрофи он, ба гуфтаи сафир, беш аз 200 тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд, ки бештари онҳо донишҷӯёнанд ё барои идомаи таҳқиқоти илмӣ ба Амрико омодаанд. Теъдоди донишҷӯёни тоҷик дар шаҳрҳои Омаҳа ва Линколни аёлати Небраска ва шаҳрҳои Денвер ва Боулдери аёлати Колорадо ҳам кам нест. “Чун барои дар он манотиқ боз кардани қитъаи интихоботӣ имкону шароит нест, мо бо ҷамъиятиҳои тоҷикон дар тамос шудем ва хостем, ки барои истифода аз ҳаққи интихоботии худ ба Вошингтон ё Ню-Йорк биёянд”, мегӯяд Нуриддин Шамсов.

Сафири Тоҷикистон дар Афғонистон Шарофиддин Имомов ҳам иқрор мекунад, аз 600-700 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар ин кишвари ҳамсоя кору зиндагӣ мекунанд, шояд даҳҳо нафар аз имкони ширкат дар раъйдиҳӣ дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ маҳрум монанд. Ба гуфтаи ӯ, қитъаҳои интихоботӣ дар чаҳор шаҳр - Кобул, Мазори Шариф, Қундуз ва Файзобод ифтитоҳ мешаванд. Дипломати тоҷик меафзояд, ки дар шимоли Афғонистон тақрибан 150 табиби тоҷик кор мекунанд ва ҳамчунин чанд ширкати тоҷикистонӣ ба татбиқи тарҳҳои эҳёи он манотиқ машғул аст. Тақрибан ҳамин теъдод шаҳрвандони Тоҷикистон дар Кобул, асосан дар созмонҳои байнулмилалӣ ва дар табобатгоҳҳои хусусӣ, аз ҷумла, табобатгоҳи “Тоҷику Афғон” фаъолият доранд. Дар пойтахти Афғонистон даҳҳо бонувони тоҷик низ ҳастанд, ки ҳамсари афғон доранд ва аммо шаҳрвандии Тоҷикистонро ҳифз кардаанд. Ин афрод барои рӯзи 6 ноябр пойи қуттиҳои раъйдиҳӣ омадан мушкиле нахоҳанд дошт. Шарофиддин Имомов мегӯяд, аммо ширкат дар интихобот барои он шаҳрвандони Тоҷикистон мушкил аст, ки дар манотиқи дурдаст, аз ҷумла, дар Ҳилманд, Урузгон ва Бомиён кору зиндагӣ мекунанд - ноамнӣ дар Афғонистон ба онҳо имкон намедиҳад, ки ба Кобул биёянд.

Қитъаҳои интихоботӣ дар се шаҳри Арабистони саудӣ – Ар-Риёз, Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввара боз хоҳанд шуд. Абдулло Юлдошев, сафири Тоҷикистон дар ин кишвар ба Радиои Озодӣ гуфт, дар Саудӣ ҳудуди 200 тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба сар мебаранд, ки 164 нафари онҳо донишҷӯёну ҳамсарони онҳоянд. “Сафорат барои ширкати онҳо дар раъйдиҳӣ ҳама шароитро фароҳам кардааст”, афзуд сафири Тоҷикистон.

Дар Миср, дигар кишвари арабӣ, рӯйхати шаҳрвандони раъйдиҳанда такмил мешавад ва сафири Тоҷикистон Нарзулло Назаров мутмаин аст, ки, бо вуҷуди вазъи фавқулодда дар Қоҳира, ҳамаи тақрибан 200 нафари соҳиби ҳаққи раъйдиҳӣ ба қитъаҳои интихоботӣ меоянд. Аксари шаҳрвандони Тоҷикистони муқими Миср, ба гуфтаи дипломати тоҷик, донишҷӯёни Донишгоҳи ҷомеъи Қоҳира, Донишгоҳи “Айни Шамс” ва “Ал-Азҳар” мебошанд. Теъдоди муҳоҷирони дар Миср, меафзояд сафир, аз 20 нафар бештар нест ва ҳамаи онҳо ҳамроҳ бо хонаводаҳояшон ба сар мебаранд. Нарзулло Назаров афзуд, ба ҳамаи шаҳрвандоне, ки дар қайди сафоратанд, аллакай номаи расмӣ барои ширкат дар интихобот фиристода шудааст.
XS
SM
MD
LG