Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дабири кулли НАТО изҳороти Карзайро беасос хонд


Андерс Фог Рассмусен, дабири кулли НАТО, изҳороти Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистонро қотеъона рад кард, ки гуфт, ҳузури нерӯҳои ба раҳбарии ин паймон дар Афғонистон, ба кишвараш ранҷи зиёд, вале дастовардҳои ночизе овардааст. Андерс Фог Расммусен рӯзи панҷшанбе дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Брюссел гуфт, баъди эъзоми нерӯҳои хориҷӣ ба Афғонистон дар 10 соли пеш, ин кишвар ба “пешрафтҳои чашмгире ноил шудааст ва онҳоро наметавон нодида гирифт.” Ҳомиди Карзай аввали ҳамин ҳафта дар мусоҳибае бо Би Би Си гуфт, ки нерӯҳои НАТО дар Афғонистон сабаби ранҷи зиёд кашидани мардум шудаанд, зеро натавонистаанд, амниятро дар ин кишвар барқарор кунанд. Қарор аст, аксари нерӯҳои хориҷӣ то поёни соли 2014 Афғонистонро тарк кунанд ва айни замон музокирот дар бораи боқӣ мондани қисмате аз нерӯҳои амрикоӣ дар ин кишвар идома дорад.
XS
SM
MD
LG