Пулиси Амрико мегӯяд, ки тирандозӣ дар назди бинои Конгресси Амрико ҳеҷ иртиботе бо амали террористӣ надорад. Бино ба гузоришҳо, як мошин дар назди Кохи Сафед ба садди амниятӣ бархӯрдааст ва ба дунболи он дар назди бинои Конгресс садои тирандозӣ ба гӯш расидааст.
Бино ба гузоришҳо, як афсари пулис ҳангоми бархӯрди мошинаш ҷароҳат бардоштааст. Ҳоло кормандони пулис дар робита бо ин ҳодиса як гумонбарро зери назорат гирифтаанд.
Баъд аз тирандозӣ ҳам бинои Конгресс ва ҳам бинои Кохи Сафед зери амният гирифта шуданд ва муқаррароти манъи вуруду хуруҷ ҷорӣ шуд. Вале баъд аз ним соати ин ҳодиса чунин муқарраротро аз миён бардоштанд.
Дар дақиқаҳои аввали тирандозӣ пулис гуфт, бинои Конгресси Амрико, ки бо номи U.S. Capitol машҳур аст, баъд аз гузоришҳо дар бораи имкони тирандозӣ дар атрофи он зери назорати сахти амниятӣ гирифта шудааст. Одамоне, ки дар беруни Додгоҳи Олӣ дар хиёбони Конгресс меистоданд, бо дархости мақомоти амниятӣ саросема ба дохили бино даромадаанд.
Дар ёддоште, ки пулиси Кэпитол аз тариқи почтаи электронӣ фиристодааст, машварат дода шудааст, ки “дару тирезаҳое, ки ба беруни бино боз мешаванд, баста шаванд ва одамон худро аз ин дару тирезаҳо дур нигоҳ доранд”.
Дар ин ёддошт омадааст, ки дар Capitol Hill ё теппаи Кэпитол садои тирандозӣ шунида шудааст. Дар бораи ҷароҳат бардоштани як корманди пулис низ гузориш расидааст, вале ин гузоришро касе таъйид накардааст. Сенатор Клейр Мак Каскилл дар сафҳаи Twitter-и худ навиштааст: “Дар беруни Кэпитол тирандозӣ сурат гирифт ва мо муваққатан дар муҳосира ҳастем”.
Гузоришгари шабакаи телевизионии NBC, ки дар маҳали ҳодиса қарор дорад, мегӯяд, ки онҳо 10-15 садои тирро шунидаанд ва дидаанд, ки пулис бо як мошини сиёҳ меҷангид.
Capitol маҳали ҷаласаи Конгресси Амрико, яъне ниҳоди қонунгузори ҳукумати федеролии ин кишвар аст ва дар маркази Вашингтон ҷой гирифтааст.