Ин иқдом аз тарафи кумитаи падару модарон дар мактабҳо, роҳандозӣ шудааст. Ташвишҳои падару модарон дар пайи чанд ҳодисаи дар мактабҳо рух дода боиси он гаштааст, ки акнун кӯдакони худро мехоҳад ҷиддитар зери назорат гиранд. Аз ҷумла гумшавии кӯдакон, муноқиша миёни хонандагон, ки баъзан бо кордзанӣ анҷом меёбад ва дигар ҳодисаҳои монанд ташвиши падару модаронро зиёд кардааст.
Вақтҳои охир ба назар мерасад, ки падару моданрон худ фарзандонашонро то мактаб мебаранд ва баъд аз дарс намегузоранд кӯдаконашон то хона танҳо бояд.
Вале муҳофизати доимии мактабҳо ташаббусест, ки аз ҳисоби падару модарон сармоягузорӣ мешавад, на аз бӯҷаи давлат. То чӣ андоза метавонад ин иқдом амнияти кӯдаконро таъмин кунад. Ҳамчунин оё ҳамаи падару модарон шароит доранд ва розӣ мешаванд, ки посбони мактабҳо аз ҳисоби онҳо ба роҳ монда шавад?
Солеҳа Ҳамроева, модари яке аз хонандагони литсейи рақами 74-и шаҳри Душанбе мегӯяд бо ташаббуси падару модарон ташкил кардани гурӯҳҳои посбонӣ натиҷаи ҳодисаҳоест, ки дар мактабҳо рух медиҳад. Ба қавли хонум Ҳамроева баъд аз гум шудани кӯдакон ва то ба кордзани расидани ҷанги мактаббачагон кумитаи падару модарон ба хулосае омад, ки бояд даромадгоҳи мактаб зери назорат гирифта шавад ва то омадани волидон кӯдакон аз мактаб берун набароянд. Вай мегӯяд ду сол мешавад ин литсей посбон дорад. Солеҳа Ҳамроева инро хуб медонад, зеро каме ҳам бошад дилашон таскин мегирад, ки ба мактаб шахсони бегона ворид намешаванд ё аз муноқишаи хонандагон пешигрӣ мекунанд. Аммо бадии корро дар он медонад, ки ҳангоми ворид шудан ба мактаб барои назорати дарси фарзандонашон то ба директор мувофиқа накунанд иҷозат намедиҳанд, ки ба синфхона дароянд.
Ба қавли Ҳамроева амнияти кӯдакон бояд аз ҷониби мактаб ва мақомот таъмин шавад , на волидон. Зеро таъмини амният вазифаи «ҷонии» мақомот аст.
Дар ҳамин ҳол, Ҳамидуллохон Фақеров, сардори Раёсати маорифи шаҳри Душанбе дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфт, таъмини мактабҳо бо муҳофизон як амали маъмулист, ки барои халадор нашудани ҷараёни дарс ва таъмини амнияти кӯдакон пешбинӣ шудааст. Вай изҳори таассуф кард, ки алҳол на ҳамаи мактабҳо бо муҳофизон таъмин шудаанд. Ба гуфти вай дар ҳар мактабе, ки бошад, дар мувофиқа бо кумитаи падару модарон сурат мегирад. Зеро пардохтани ҳаққи муҳофизон аз ҷониби мактабҳо пешбинӣ нашудааст.
Ҳамзамон ҷаноби Фақеров афзуд, дар макотиби Душанбе таъмини муҳофизон дар ҳоли ҳозир мавриди омӯзиш қарор дорад. Дар сурати пурра омӯхтани паҳлуҳои мусбату манфӣ ҳама мактабҳо ба муҳофизон таъмин мешаванд. Аммо ин тарҳ бо ризоияти падару модари хонандагон роҳандозӣ мешавад. Дар ҳоли ҳозир муҳофизон асосан дар мактаб-литсейҳо вуҷуд доранд.
Маҳз аз ҳисоби падару модарон пардохтани ҳаққи муҳофизон сабаби он гаштааст, ки аксари мактабҳо дубора бемуҳофиз монанд. Шаҳригул Ширинҷонова, раҳбари мактаби таҳсилоти умумии 76-и шаҳри Душанбе мегӯяд мактабашон ҳамаги ду моҳ муҳофиз дошт ва аз сабаби ҷудо нашудани маблағ аз ҷониби падару модарон дигар натавонистанд аз хизмати посбонҳо истифода кунанд. Ба қавли ӯ, будани муҳофизон дар мактабҳо амали хуб аст. Зеро ҳар нафаре вориди мактаб мегардад, ҳатман ба қайд гирифта мешавад. Шаҳригул Ширинҷонова мегӯяд дар мактаби онҳо 1500 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудааст ва дар бонк суратҳисоби махсус кушода шудааст. Маблағи аз ҳисоби падару модарон ҷамъшударо дар суратҳисоб мегузаронанд ва аз он ҳисоб тасмим доранд дар мактаб муҳофизонро таъмин кунанд.
Тавре Шинринҷонова меафзояд ташкилоте бо номи «Ред Лайн» амал мекунад, ки дар асоси шартнома мактабҳоро бо муҳофизон таъмин менамояд. Муассисаҳои таълимиро лозим меояд барои ду нафар муҳофиз моҳона бояд аз 2600 то 2800 сомонӣ маблағ пардозад, ки волидон ба ин розӣ намешаванд.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи хонум Ширинҷонова барои ба муҳофиз таъмин кардани мактабашон ҳар хонанда моҳона ду ё се сомонӣ бояд пардозад. Аммо агар мактаб хонандаи кам дошта бошад, лозим меояд сари ҳар хонанда ин маблағ зиёдтар ҷамъ карда шавад то моҳонаи муҳофизон таъмин гардад.
Феълан дар Тоҷикистон 3 ҳазору 813 мактабҳои таҳсилоти умумӣ мавҷуд аст, ки дар онҳо беш аз 1 миллиону 700 ҳазор хонанда таҳсил мекунанд.