Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шарҳи сафири Саудӣ дар бораи коҳиши квотаи Ҳаҷҷ


Сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, сабаби 20 дарсад коҳиш ёфтани квотаи ҳоҷиёни тоҷик ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Масҷиди бузурги Макка аст.

Бандар Муҳаммад Ҷамил, сафири Арабистони Саъудӣ рӯзи 24-уми сентябр дар як ҳамоиши ҷашнӣ дар Душанбе гуфт, тавофгоҳи Масҷиди Макка дар гузашта имкони гунҷоиши 46 ҳазор нафар дар як соатро дошт ва ҳоло аз рӯи тарҳи нав бояд зарфияти он ба 105 ҳазор нафар афзуда шавад.

Бандар Муҳаммад Ҷамил гуфт, аз ин хотир, ҳукумати Арабистони Саудӣ тасмим гирифт, ки квотаи ҳоҷиёни хориҷиро ба 20 ва мардуми Шоҳигариро ба 50 дарсад коҳиш дод ва ин тасмим то анҷоми корҳои сохтмонӣ бетағйир мемонад.

Мавсими «Ҳаҷ – 2013» имсол дар Тоҷикистон 21-уми сентябр шурӯъ шуда, то 3-юми октябр 6 ҳазор ҳоҷии тоҷик тариқи ҳавопаймоҳои ширкатҳои "Сомонэйр" ва "Тоҷикэйр" ба Арабистони Саудӣ интиқол хоҳанд ёфт.

Теъдоди ҳоҷиён, ки мустақим аз сӯи шоҳи Арабистони Саудӣ тасдиқ мешавад, аз рӯи формулаи сари 1000 мусалмон як нафар ҳоҷӣ муайян карда мешуд. Аҳолии Тоҷикистон ҳоло ба 8 миллион нафар расидааст ва аз рӯи муқаррарот бояд 8 ҳазор нафар сафари ҳаҷ кунанд.

Аммо бино ба иттилое, ки дастраси мо шуд, бо вуҷуди 20 дарсад коҳиш ёфтани квотаи ҳоҷиёни тоҷик амалан дар қиёс бо соли гузашта теъдоди зоирин аз Тоҷикистон афзудааст. Агар соли 2012 ҳудуди 6 ҳазор нафар сафари Хонаи Худо кардаанд, имсол ин адад 6300-ро ташкил медиҳад. Ҷониби Саудӣ бо хоҳиши ҳукумат, Кумитаи дини Тоҷикистон ва сафорати Саудӣ дар Душанбе барои Тоҷикистон квотаи ҳоҷиёнро бештар кардааст, дар ҳоле ки дар гузашта аз рӯи омори солҳои пеш квота медод ва омори нав барои ҳоҷиён ҳоло ҳукми амал нагирифтааст.

Эмомалӣ Раҳмон қаблан зимни як нома аз шоҳи Арабистони Саъудӣ дархост карда буд, ки барои зоирини тоҷик ҷойи бештар ҷудо кунад. Аммо ин дархост қонеъ нашуд.

Сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон, ки дар расми таҷлили 83-солагии Рӯзи миллии Арабистони Саудӣ (Явм ул-ватани) дар Душанбе сӯҳбат мекард, гуфт, умедвор аст, ки мусалмонони Тоҷикистон тасмими Арабистони Саудиро дуруст қабул мекунанд, зеро ин тарҳи тавсиабахшӣ ба хотири хизматрасонии беҳтар ба зоирини Хонаи Худо аст ва кишвараш барои он 22 миллиард доллар ҷудо кардааст.

Тавсеаи дохили Масҷиди Макка ва атрофи он ҷузъе аз Тарҳи Шоҳи Арабистони Саудӣ ба хотири тавсеаи атрофи Каъба – муқаддастарин зиёратгоҳи мусалмонони ҷаҳон аст. Ин тарҳ аз тарҳҳои қаблии васеъгардонӣ, ки дар гузашта анҷом ёфтаанд бо он фарқ мекунад, ки барои аввалин бор зарфиятҳои гунҷоиши тавофгоҳ афзуда мешавад.

Ин лоиҳа дар се марҳила ба муддати се сол иҷро хоҳад шуд. Кори он охири соли гузашта сар шуда буд ва интизор меравад пас аз анҷоми он гунҷоиши Масҷиди Макка ва атрофаш ба беш аз 2,5 миллион намозгузор хоҳад расид.

Арабистони Саудӣ аввалин кишвари арабӣ аст, ки соли 2010 дар Тоҷикистон сафорат боз кардааст, аммо сафорати Тоҷикистон дар Ар-Риёз ҳанӯз соли 2008 ифтитоҳ шуда буд. Соли 2012 дуввумин кишвари арабӣ - Қатар дар Тоҷикистон сафорат боз кард.

Сафорати Арабистони Саудӣ ҳамасола 23 сентябр Рӯзи миллии худро бо ширкати мақомоти Тоҷикистон ва сафоратҳои хориҷии муқими Душанбе таҷлил мекунад. Имсол дар ин ҷашн Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ширкат кард.
XS
SM
MD
LG