Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмон хостори кӯмак ба Афғонистон шуд


Раҳбарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар шаҳри Бишкек масоили рушди иқтисодӣ ва амнияти минтақавиро баррасӣ карданд. Авзоъи Афғонистон баъд аз соли 2014 ва пас аз хуруҷи нерӯҳои НАТО аз он кишвар, аз ҷумлаи мавзӯъҳои аслии ин нишаст буд. Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳури Қирғизистон аз таҳаввулоти ахир дар Афғонистон ибрози нигаронӣ кард ва гуфт, ки вақтҳои ахир фаъолияти тундаврону террористон дар онҷо авҷ гирифтааст. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз кишварҳои узви созмон даъват кард, баъди хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон ба он кишвар, кӯмаки моддиву маънавӣ кунанд. Ӯ аз ҷумла гуфт: "Мо умедворем, халқи бародари афғон бо дастгирии кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ва ҷомеаи ҷаҳонӣ, мушкилоти пешомадаро бо мувафаққият паси сар мекунад, ва азми худро барои эҳёи Афғонистони дорои таъриху фарҳанги ғанӣ нишон медиҳад." Дар ин нишаст, раҳбарони Чину Қазоқистон, Тоҷикистону Узбакистон ва Қирғизистон аз мавзеъгирии Русия дар мавриди ҳалли дипломатии низоъ дар Сурия пуштибонӣ карданд.
XS
SM
MD
LG