Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИНИТ мегӯяд, бояд ҳаққи интихоботии муҳоҷирон риоят шавад


Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон 13-уми сентябр изҳорот дод, ки муҳоҷирони тоҷик дар рӯйхати умумии интихобкунандагон шомил буда, бояд дар ҷамъоварии имзоҳо низ ширкат дошта бошанд.

Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ) дар изҳороти худ гуфтаастт, ки агар Комисияи марказии интихобот ва райъпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) ширкати муҳоҷирони кориро таъмин карда наметавонад, пас бояд онҳоро низ аз шумораи 5% ҷамъоварии имзо барои ҷонибдорӣ аз ин ё он номзад истисно кунад, ки дар натиҷа шумораи имзо аз 210 ҳазор хеле поин хоҳад омад.

«Агар имконияти таъмини ҷамъоварии имзои муҳоҷирини корӣ бо сабабҳои техникӣ вуҷуд надошта бошад, пас ҷамъоварии имзоҳои 5%-ро барои ҷонибдории ин ё он номзад аз теъдоди интихобкунандагони мавҷуд дар дохили кишвар таъмин карда шавад.»

Ин дар ҳолест, ки 31-уми августи соли 2013 раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон Шермуҳаммади Шоҳиён гуфта буд, ҷамъоварии имзо аз муҳоҷирони корӣ барои пуштибонӣ аз номзад ба мақоми президентӣ дар Тоҷикистон бо сабаби он, ки варақаҳои ҷамъоварии имзо аз тарафи раисони шаҳру ноҳияҳо тасдиқ мешавад, ғайриимкон аст.

Инчунин дар изҳороти ИНИТ гуфта шудааст, ки гуфтаи раиси КМИР мухолифат ба Сарқонуни кишвар буда, поймолшавии ҳуқуқи интихоботӣ ва конситутсионии беш аз 40% шаҳрвандонеро, ки дар муҳоҷирати кории иҷборӣ ба сар мебаранд, мебошад. Ба таъкиди масъулони ИНИТ, КМИР ва роҳбари он дар асоси банди 2-юми моддаи 10-и Сарқонуни Тоҷикистон ӯҳдадоранд, ки ба Сарқонуни кишвар, ҳуқуқу озодиҳо, қадру шарафи мардумро эҳтиром намоянд.

Бо назардошти ин аъзои ИНИТ аз КМИР хостааст, то ба чанде аз масъалаҳо посух гардонанд. Аз ҷумла гуфта шудаст талаботи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикисон дар асоси банди аввали моддаи 10-уми Сарқонун беэътибори ҳуқуқӣ дониста шавад. Дигар ин ки ширкати шаҳрвандони Тоҷикистон-муҳоҷирони корӣ ва онҳое, ки берун аз кишвар ба сар мебаранд, дар ҷамъоварии имзо барои ҷонибдорӣ аз ин ё он номзад ба мақоми раиси ҷумҳур таъмин карда шавад. (Барои мисол, тавассути овоздиҳии электронӣ, имконияти ҷамъоварии имзо ва тасдиқи он дар сафоратхонаҳо ва намояндагиҳои консулии Тоҷикистон дар хориҷ). Ахиран, аъзоёни ИНИТ хостаанд, агар имконияти таъмини ҷамъоварии имзои муҳоҷирини корӣ бо сабабҳои техникӣ вуҷуд надошта бошад, пас ҷамъоварии имзоҳои 5%-ро барои ҷонибдории ин ё он номзад аз теъдоди интихобкунандагони мавҷуд дар дохили кишвар таъмин карда шавад.
XS
SM
MD
LG