Теъдоди онҳое, ки дар хориҷ аз ватани худ зиндагӣ мекардаанд, назар ба ҳар вақти дигар бештар шудааст ва Иёлоти Муттаҳида аз маҳбубтарин кишвар барои иқомати муҳоҷирон будааст. Бунёди нуфусшумории Созмони Милал бо нашри гузориши тозае гуфт, ки соли равон 3,2 дар сади аҳолии курраи Замин ва 232 миллион нафар дар хориҷ аз сарзамини аҷдодии худ зиндагӣ мекунанд. Теъдоди мардуми ба истилоҳ “ғариб” дар соли 2000-ум 175 миллион ва дар соли 1990 154 миллион нафар будаанд. Мизбони аслии мардуми муҳоҷир Аврупо ва Осиё ҳастанд, ки дар аввали 72 миллион нафар ва дар дуввумӣ 71 миллион нафар зиндагӣ мекунанд. Танҳо Иёлоти Муттаҳида хонаи тақрибан 46 миллион муҳоҷир будааст.