Додгоҳи Ҳиндустон чаҳор мардро ба таҷовузи ҷинсӣ ва қатли зане дар Деҳлӣ гунаҳкор донист, ки ин ҷиноят хашми мардум дар саросари кишварро барангехт. Қарор аст, ҳукми ин чаҳор нафарро рӯзи чаҳоршанбе содир кунанд. Ин афрод як донишҷӯи 24-солаи ҳиндуро моҳи декабри соли гузашта батакрор таҷовуз ва латукӯб карданд ва ӯ ду ҳафта баъд даргузашт. Ин ҷиноят тазоҳуроти азимеро дар саросари Ҳинд барангехт. Ҳамаи муттаҳамон ба ҷиноят, худро бегуноҳ медонанд. Як муттаҳами дигар, ки то моҳи август 17 сола буд, ба хотири ноболиғ буданаш, дар ҳамон моҳ ба се соли тарбият дар мактаби махсуси афроди душвортарбия маҳкум карданд. Муттаҳами шашум ба ҷиноятро моҳи марти ҳамин сол дар ҳуҷрааш дар зиндон кушта пайдо карданд.