Ҷашни истиқлол имсол ба фарқ аз солҳои пешин хоксорона ва бе шӯру ҳашамати солҳои қаблӣ, ки аз ҷумла теъдоди зиёди донишҷӯён ва хонандагони макотиби миёна барои омода шудан ба он беш аз ду моҳ роҳпаймоӣ мекарданд доир мегардад. Имсол шумораи андаке аз донишҷӯён ва хонандагон барои таҷлили ин ҷашн омодагӣ дидаанд.
Баъди фурӯпоши Иттиҳоди Шӯравии собиқ дар соли 1991, Тоҷикистон худро кишвари мустақил эълон кард, вале бо гузашти як сол гирифтори ҷанги харобиовари шаҳрвандӣ шуд, ки 5 сол идома кард ва бештар аз 50 ҳазор нафарро кушта садҳо ҳазор тани дигарро бехонумон кард.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 7 сентябр дар як маросими расмӣ бо иштироки ду ҳазор нафар дар нутқи табрикотии хеш гуфт, ки бо вуҷуди сахтиҳои зиёд, ба кишвар муяссар шудааст, ба пешрафтҳои зиёд ҳам ноил шавад. Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ҳукумат то соли 2000 ба ҳалли масоили сиёсӣ ва амниятӣ машғул буд ва амалан сар аз ин сол ба бартараф кардани мушкилоти иҷтимоӣ ва рушди иқтисод пардохт. Ба таъкиди раисиҷумҳур ҳоло «ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар кишвар ба 42,1 миллиард сомонӣ баробар шудааст, ки нисбат ба соли 2000-ум 19 баробар зиёд мебошад».
Ҳамчунин ҷаноби Раҳмон афзуд, ки дар қиёс ба соли 2000-ум будҷаи Тоҷикистон 48 баробар афзоиш ёфта, шумораи камбизоатҳо дар кишвар аз 81 то ба 38 дарсад коҳиш ёфтааст. Раиси ҷумҳур бо таъкиди он, ки ҳамаи ин дастовардҳои Тоҷикистонро дар тӯли солҳои истиқлолият мардум «хуб эҳсос мекунанд» эътироф кард, ки дар зиндагии мардум ҳанӯз мушкилоти ҳалношуда хеле зиёд аст:
«Мо хуб медонем, ки дар зиндагии мардумамон ҳанӯз мушкилоту масъалаҳои зиёд дорем, вале халқи азизи Тоҷикистон бовар дошта бошад, ки мо барои ҳалли масоилу мушкилоти мавҷуда нақшаву барномаҳои неку созандаро тарҳрезӣ кардаем ва барои иҷрои онҳо захираву имкониятҳои кофӣ ва муҳимтар аз ҳама, азму иродаи қавӣ дорем. Такроран изҳор медорам, ки мардуми мо сазовори ҳама гуна ғамхориву дастгирӣ мебошанд ва ҳуқуқи пурраи маънавӣ доранд, ки зиндагии аз имрӯза беҳтару осудатар дошта бошанд».
Коршиносон ин тағйиротро дар суханрониҳои раиси ҷумҳур ба интихоботи қарибулвуқуи президентӣ дар кишвар рабт медиҳанд ва мегӯянд, раиси ҷумҳур чун номзади рақами аввали ин интихобот барои ба даст овардани райъи бештари мардум билохира ҷой доштани мушкилоти умдаи ҳалталабро дар кишвар эътироф кард.
Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисодони тоҷик мегӯяд, дар замони ҳукуматдории Эмомалӣ Раҳмон давлат барои расидан ба се ҳадафи стротегиаш гомҳое бардошт, вале он мисли як қадам ба пешу ду қадам ба қафо буд: «масалан дар самти раҳоии кишвар аз бунбасти комуникатсионӣ мувафақияти назарасси ҳукумати кунунӣ, ин бунёди роҳи байналмилалӣ аз сарҳади Қирғизистон то ба марказ ва сохтмони купрук бо кумаки Амрико дар рӯи дарёи Ому дар сарҳад бо Афғонистон аст. Аммо аз сӯи дигар равуои қатораҳо тариқи Узбакистон боз ҳам мушкилтар шуда, вилояти Хатлон бошад комилан аз иртибот бо роҳи оҳан маҳрум шуд».
Ҷаноби Умаров афзуд, ки дар раҳоӣ аз бӯҳрони энергетикӣ давлат чандон муваффақ нашудааст ва аниқ аст, ки имсол низ мардуми деҳот аз норасоии нерӯи барқ ранҷ хоҳанд кашид. Дигар аз мушкилоти мавҷуд ба гуфтаи мусоҳибонам, иқтисоди бемори кишвар аст, ки наметавонад, лашкари афзояндаи ҷавонони тоҷикро бо ҷойи кори муносиб таъмин кунад. Аз ҳамин аст, ки ҳоло бештар аз як миллион нафар аз мардуми кишвар дар Русия кор карда ва ҳамингуна ба рушди иқтисодии Тоҷикистон мусоидат мекунанд.
Дигар аз мушкили умдае, ки ба он пайваста ишора мешавад, фасоду ришвахорӣ аст, ки ба эътирофи худи ҳукумат, «ба як расм» табдил шуда ва беэътимодии мардум ба ҳукуматро беш аз пеш зиёд мекунад.
Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик мегӯяд, ҳар касе ки моҳи ноябр дар интихобот пирӯз нашавад, бояд ҳамин мушкилотро ҳал кунад ва як зумра мушкилоти дигарро:
«Ду самти стротегӣ дар мавриди раҳоии пурра аз бунбасти комуникатсионӣ ва ҳалли бӯҳрони энергетикиро бояд дар ду ва ё се соли оянда ҳал кард. Барои ин ҳамаи шароитҳо вуҷуд доранд. Ғайр аз ин президенти тозаинтихоб бояд пеши роҳи нобаробарии иҷтимоиро, ки дар Тоҷикистон сахт густариш ёфтааст, бояд бигирад ва кӯшиш кунад, ки дар кишвар синфи миёна ба вуҷуд ояд».
Дарвоқеъ дар Тоҷикистон хонаҳои бошукӯҳ дар назди кулбаҳои фақиронаро зиёд мебинед, ки он ҳам аломати барҷастаи нобаробарии иҷтимоӣ дар кишвар аст. Нобаробарие, ки тайи чанд соли ахир амиқтару амиқтар шуда ва шикоят аз беадолативу беинсофии мақомот нисбат ба мардуми оддиро бештар кардааст. Мардуме, ки дар рӯзи истиқлол ҳам на истироҳат, балки барои пайдо кардани қути лоямут кор мекунанд.