Полиси Покистон собиқ президенти ин кишвар Парвез Мушаррафро бори дигар бо куштор муттаҳам кард.
Рӯзи душанбе мансабдорони покистонӣ изҳор намуданд, ки ин дафъа генерал Мушарраф бо куштори рӯҳонии ифротгаро Абдуррашид Ғозӣ ҳангоми муҳосираи масҷиди Исломобод дар соли 2007-ум муттаҳам мешавад.
Он замон дар амалиёт бар зидди исломгароҳои пинҳон дар дохили масҷид нерӯҳои давлатӣ аз силоҳ истифода бурда, беш аз 100 нафарро ба қатл расонданд.
Мушарраф, ки аз соли 1999 то соли 2008-ум Покистонро раҳбарӣ кардааст, ҳамчунон бо куштори собиқ сарвазири ин кишвар Беназир Бҳутто дар соли 2007-ум ва куштори як раҳбари қабилавии балуҷҳо дар соли 2006-ум айбор мешавад.
Мушарраф исрор меварзад, ки тамоми айбномаҳо ҷилои сиёсӣ доранд.