Толибони Афғонистон маъсулияти ҳамла, аз ҷумла бомбгузории интиҳорӣ дар як пойгоҳи низомии Амрикоро бар дӯш гирифтанд, Паймони НАТО бо нашри баёнияе таъйид кард, ки ҷангҷӯёни Толиб рӯзи душанбе ба пойгоҳи Турхам дар вилояти Нангарҳор ҳамла кардаанд, вале ҳеҷ яке аз сарбозони хориҷӣ ва ё афғон талаф нашудааст. Бар асоси гузоришҳо, дасти кам се нафар аз ҳамлаваронро куштаанд. Сухангӯи волии Нангарҳор гуфтааст, ки ҷангҷӯён камарбанди тарканда доштаанд ва як мошини бомбгузоришударо ҳам барои ҳамла ба кор бурданд. Барои муқовимат ба ҷангҷӯёни Толиб, ҳавопаймоҳои НАТО ҳам ба кӯмак шитофтаанд ва ҷанг бо онҳо тақрибан севуним соат идома кардааст. Пойгоҳи Турхам дар наздикии марз бо Покистон ва як шоҳроҳи муҳими таъмини нерӯҳои НАТО дар Афғонистон қарор дорад. Бар асоси гузоришҳо, чанд мошини НАТО дар ин ҳамла нобуд шудааст ва шоҳроҳро низ барои муддате бастаанд.