Исҳоқ Табаров, яке аз вакилони дифои Зайд Саидов, рӯзи душанбе, 26 август ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳамроҳ бо дархости лағви ҳама иттиҳомот алайҳи шахси таҳти ҳимояташон онҳо ҳамчунин аз Додситонии кулл дархости мулоқоти "танҳо ба танҳо" бо Зайд Саидовро карда буданд ва аммо то ҳол ба он посух нагирифтаанд. Ӯ меафзояд, ки "мақомоти тафтишотӣ бо ҳар баҳона хоҳиши мо барои мулоқотро қонеъ намекунанд”.
Ба гуфтаи Исҳоқ Табаров, ӯ рӯзи душанбе барои иҷозаи мулоқоти “танҳо ба танҳо” бо Зайд Саидов унвонии Додситони кулли Тоҷикистон дархости расмӣ ироа кард. Мусоҳиби мо мегӯяд, “чун парванда мавриди омӯзиши додситонӣ қарор дорад, мо бояд бо шахси зери ҳамоятамон сӯҳбати як ба як ва мавқеи ягонаи худ ё “хатти дифоъ”-ро муайян намоем”.
Вакили дифоъ меафзояд, ки агар ба ин гуна мулоқот муваффақ шаванд, ин аввалин сӯҳбати танҳо ба танҳои онҳо бо Зайд Саидов дар се моҳи ахир хоҳад буд – то ин вақт, ба гуфтаи ӯ, ба чунин дархост, таври маъмул, посухи рад мегирифтанд ва сӯҳбатҳо бо шахси зери ҳимоят бо ҳузури муфаттишон ва “он ҳам ҳангоми ҳаракати тафтишотӣ гузаронидан” баргузор мешуданд.
Ба гуфтаи Исҳоқ Табаров, онҳо дархости иборат дар 11 саҳифа оиди лағви ҳама иттиҳомот алайҳи Зайд Саидов бинобар набудани далелҳои мӯътамади содиршавии ин ҷиноятҳоро рӯзи 22 август ба Додситонии кулл супурдаанд ва ин ниҳод тайи як ҳафта, яъне то рӯзи чаҳоршанбе, бояд посухи расмӣ диҳад ва ҳамчунин дар мавриди ба додгоҳ ироа кардан ё барои тафтиши иловагӣ баргардонидани парванда тасмим бигирад.
Оҷонсии зидди фасод ва додситонии шаҳри Душанбе дар нисбати Зайд Саидов аз рӯи 8 моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла, ришватситонӣ, қаллобӣ, бисёрзанӣ, тамаъҷӯӣ, сӯиистифода аз ваколатҳои хидматӣ, таҷовуз ба номус ва маҷбур сохтан ба исқоти ҳамл ва алоқаи ҷинсӣ бо нафаре, ки ба синни 16 нарасидааст, парванда боз кардааст. Ба гуфтаи Исҳоқ Табаров, онҳо аз рӯи ҳама айбҳо, аз ҷумла, ҳодисаи таҷовуз ба номус аз Додситонӣ хоҳиш кардаанд, ки ин банд ва дигар айбҳое, ки марбут ба ин парванда ҳастанд, лағв карда шаванд,зеро далелҳои мӯътамади онҳо мавҷуд нест.
Фардо аз боздошти Зайд Саидов,собиқ вазири саноати Тоҷикистон ва аз соҳибкорони муваффақи кишвар, сад рӯз сипарӣ мешавад – ӯ 19-уми майи соли ҷорӣ баъд аз бозгашт аз Порис дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе боздошт шуд.
Бештари таҳлилгарон мутмаинанд, ки парвандаи ӯ ангезаи сиёсӣ дорад ва бо тасмимаш барои таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав” марбут аст.