Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоев, маҳбусони “ҳақталош” ва вакилони дифои онҳо рӯзи душанбеи 26 - уми август аз додгоҳи Хуҷанд дархост карданд мурофиаро на дар толори боздоштгоҳи муваққатӣ -СИЗО, балки дар толори додгоҳ баргузор намояд, вагарна аз идомаи иштирок дар он саркашӣ хоҳанд кард.
Абубакр Қулматов, вакили дифои Суннатулло Ризоев дар ин бора ба Озодӣ гуфт, дар толори боздоштгоҳи муваққатӣ баргузор шудани мурофиа, холисонаву объективона ва пурра ҷараён гирифтани онро зери савол мебарад. Вай афзуд : “Мо инро аз додгоҳ қатъиян талаб кардем ва сабабҳояшро овардем. Дар толори боздоштгоҳи муваққатӣ сурат гирифтани мурофиа имкон намедиҳад мо аз васоили техникӣ истифода барем, рӯзноманигорон ба толор раҳ ёбанд. Ҳамчунин ҷабрдидагон ва шоҳидон дар СИЗО таҳти фишор қарор мегиранд, ки ин ба бозбинии холисонаи парванда халал мерасонад.”
Ҷаноби Қулматов афзуд, онҳо ин дархости худро ба додрас ва айбдоркунандаи давлатии парванда пешниҳод карда ва таъкид намуданд, ки агар ин навбат низ дархости онҳо нодида гирифта шавад, дар идомаи мурофиа дар толори СИЗО иштирок нахоҳанд кард.
Мурофиаи парвандаи пурсарусадои маҳбусони зиндони рақами 3 - и Хуҷанд: Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоев аз рӯзи 25 июл дар боздоштгоҳи муваққатӣ, ба истилоҳ СИЗО - и рақами 2 – и Хуҷанд ҷараён дорад. Додгоҳ онҳоро ба иттиҳоми "пахши баёноти барқасдонаи дурӯғин" ва "пахши хабаре, ки кори муассисаҳои ислоҳотиро бенизом мекунад" айбдор мекунад. Парванда алайҳи онҳо моҳи феврали соли равон, рӯзҳои сайри як навори тақрибан 1-соатаи видеоӣ, ки дар он маҳбусон бо навбат назди дурбин меоянд ва пас аз шиносонидани худ, пайи зарбаҳоро дар бадани худ нишон медиҳанд, дар моҳи декабри соли 2012 дар расонаҳо боз шуда, сару садоҳои зиёдеро баланд кард.
Наворҳои нақли маҳбусони шиканҷашуда моҳи декабри соли 2012 дар пайи он пахш шуданд, ки пас аз марги мармузи Ҳамза Икромзода дар зиндони рақами яки шаҳри Душанбе моҳи октябри соли 2012 даҳҳо маҳбусон аз Душанбе ба маҳбаси шаҳр Хуҷанд интиқол ёфтанд. Дар ҳоле, ки наздикони Икромзода даъво доранд, ки ӯ бар асари шиканҷаи шадид ба ҳалокат расид, мақомот мегӯянд, ин зиндонӣ даст ба худкушӣ задааст.
Тахминан моҳе қабл додраси парванда – Мусалмон Шарифов барои кор ба Бадахшон интиқол ёфт ва ахиран ба ҷояш Улуғбек Мустафоқулов, додраси дигари додгоҳи Хуҷанд масъули бозбинии парванда таъин гардид.
Душанбеи 26 - уми август мурофиа аз сар гирифта мешуд, аммо нимрӯзӣ вакилони дифоъ пас аз интизории 3 соатаи имрӯзаи мурофиа ба додгоҳ талаби қатъӣ ироа карданд.
Ҳарчанд мурофиа озод эълон шудааст, вале то ҳол ба ҷуз вакилони дифоъ касе аз хоҳишмандон ба толор раҳ дода намешуданд. Масъулони додгоҳ ва боздоштгоҳи муваққатӣ ин амрро ба хотири ҷилавгирӣ аз фирори айбдоршавандаҳо замони интиқоли онҳо ба толори додгоҳ арзёбӣ мекунанд.
Аммо ба назари айбдоршавандаҳо ва вакилони мудофеи онҳо, он ба хотири аз мардум пинҳон доштани маълумотҳо дар бораи ҷой доштани қонуншиканиҳо ва азобу шиканҷаи маҳбусон аз ҷониби мақомоти зиндонҷо рӯи даст гирифта шудааст.