Дар ин Бозиҳо беш аз дуним ҳазор варзишгари навраси синнашон аз 14 то 18-сола аз 45 кишвари қораи Осиё дар 17 риштаи варзиш ширкат карданд ва намояндагони 29 кишвар соҳибони медалҳо гардиданд. Аз он ҷумла варзишгарони 19 кишвар медалҳои тиллои Бозиҳоро ба даст оварданд: Чин (46 тилло), Кореяи Ҷанубӣ (25), Ҷопон (7), Тайланд ва Тайван - ҳар кадом 6-тоӣ, Сингапур ва Вйетнам - ҳар кадом 5-тоӣ, Малайзия ва Кореяи Шимолӣ - ҳар кадом 4-тоӣ, AOI (Independent Olimpic Athletes ё варзишгарони мустақили олимпӣ, 3-то), Ҳонконг, Филиппин - ҳар кадом 2-тоӣ, Қазоқистон, Узбакистон, Индонезия, Қатар, Арабистони Саудӣ, Кувайт ва Сурия - ҳар кадом 1-тоӣ.
Дар ҳисоби умумидастаӣ бо назардошти сифати медалҳо (аввалан тилло, баъдан нуқра ва биринҷӣ) мунтахаби Чин бо 93 медал (46 тилло, 23 нуқра ва 24 биринҷӣ) мақоми аввалро касб намуд. Кореяи Ҷанубӣ бо 52 медал (25+13+14) дар ҷойи дувум ва Ҷопон бо 18 медал (7+5+6) дар ҷойи севум қарор гирифтанд.
Миёни 10 кишвари пешсаф, ки бо медалҳо мукофотонида шуданд, ҳамчунин, Тайланд (6+15+16), Тайван (6+11+13), Сингапур (5+12+6), Вйетнам (5+4+2), Малайзия (4+6+7), Кореяи Шимолӣ (4+2+5) ва AOI (Independent Olympic Athletes, Ҳиндустон, 3+4+7) ҷойгир шуданд.
Тоҷикистон ба мисли Ироқ бо як нишони нуқра ва як биринҷӣ дар зинаи 22-юм қарор гирифт. Қазоқистон бо 13 медал (1+4+8) ҷойи 13-ум, Узбакистон бо 8 медал (1+2+5) ҷойи 14-ум, Эрон бо 8 медал (0+6+2) ҷойи 20-умро касб карданд.
Баъди Тоҷикистон Урдун ва Муғулистон - ҳар кадом бо 3 медали биринҷӣ, Баҳрайн, Қирғизистон, Макао ва Яман - ҳар кадом бо 1 медали биринҷӣ ҷойгир шуанд. Вале варзишгарони 16 кишвар, аз он ҷумла Афғонистону Туркманистон медал ба даст наоварданд.
Тоҷикистон ва Ироқ бо 2-медалӣ дар Бозиҳои дувуми осиёии наврасон аз рӯи шумораи умумии медалҳо 21-ум шуданд. Чин бо 93 медал дар ҷойи аввал, Кореяи Ҷанубӣ бо 52 медал дар ҷойи дувум ва Тайланд бо 37 медал дар ҷойи севум қарор гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки дар ин Бозиҳо варзишгарони тоҷик дар чор намуд – дзюдо, вазнабардорӣ, шиноварӣ ва варзиши сабук рақобат карданд. Аз байни 9 варзишгар ду кас медал ба даст оварданд. Зоир Шералиев дар гурзандозӣ бо натиҷаи 62 метру 44 сантиметр медали нуқра ва Фаррухи Салим дар гуштии дзюдо дар вазни то 81 килограмм нишони биринҷӣ гирифтанд.
Вале чаҳор нафар дар риштаи дзюдо - Раҳматуллобек Фарҳодов (то 55 кг), Шукрона Қарчиева (то 44 кг), Расул Саидов (то 66 кг) ва Баҳригул Бобиева (то 52 кг), як нафар дар мусобиқаи вазнабардорӣ - Суннатулло Оев дар вазни то 56 кг, як нафар дар варзиши сабук - Меҳрангез Назарова дар давидан ба масофаҳои 800 ва 1500 метр миёни духтарон ва як нафар дар мусобиқаи шиноварӣ миёни духтарон - Карина Климук дар се навъи шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо усули Breaststroke ва тарзи озод, инчунин, ба масофаи 100 метр бо тарзи озод аз медалҳои Бозиҳо бенасиб монданд.
Раҳбари ҳайати варзишии Тоҷикистон Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии кишвар, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ чунин гуфт: “Бозиҳои дувуми осиёии наврасон барои варзишгарони ҷавони тоҷик санҷише буд пеш аз Бозиҳои дувуми тобистонаи олимпии наврасон, ки моҳи августи соли 2014-ум дар Нанҷинги Чин баргузор мешаванд. Мо аз натоиҷи ба даст овардаи варзишгарони худ дар ин Бозиҳо қаноатмандем. Бахусус аз дастовардҳои гурзандоз Зоир Шералиев ва гуштигир Фаррухи Салим хеле хушҳол шудем. Инчунин даванда Меҳрангез Назарова, ки дар давидан ба масофаи 800 метр ба финал баромад ва дар байни 8 нафар беҳтаринҳо ҷой гирифт, моро хурсанд кард. Дзюдочӣ Шукрона Қарчиева (ҷойи 7-ум дар вазни то 44 кг) ва вазнабардор Суннатулло Оев (ҷойи 9-ум дар байни 18 нафар дар вазни то 56 кг) низ натиҷаҳои қаноатбахш нишон доданд. Умуман, варзишгарони навраси мо дар ин Бозиҳо таҷоруби хуби мусобиқоти байналмилалӣ касб карданд. Агар теъдоди варзишгарони мо дар ин Бозиҳо бештар мешуд, бешак, шумораи медалҳо низ афзун мегашт. Дарвоқеъ, ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон, инчунин, 3 варзишгару як мураббӣ дар риштаи тирпарронӣ шомил буданд. Вале, мутаассифона, пеш аз сафари ҳайати варзишии мо ба Нанҷинг ширкати хавопаймоии Чин барои ворид намудани аслиҳаи варзишӣ - туфангчаву милтиқ ба ин кишвар иҷоза надод. Инчунин гуфтаниям, ки Бозиҳои дувуми осиёии наврасон дар Нанҷинги Чин дар сатҳи баланд баргузор шуд. Барои ширкаткунандагону меҳмонони Бозиҳо мизбонон тамоми шароити заруриро фароҳам сохтанд, ки аз эшон сипосгузорем. Ва умедворем, ки варзишгарони ҷавони тоҷик дар Бозиҳои дувуми тобистонаи олимпии наврасон, ки моҳи августи соли 2014-ум дар Нанҷинги Чин баргузор мешаванд, шарафи варзиши Тоҷикистонро бомуваффақият ҳимоя хоҳанд кард. ”
Бояд тазаккур дод, ки варзишгарони ҷавони тоҷик моҳи августи соли 2010-ум дар нахустин Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон дар Сингапур ду медал ба даст оварда буданд. Баҳодур Қодиров дар риштаи гуштии озод дар вазни то 63 кг барандаи медали нуқра ва Шукрона Шарифова дар навъи таэквон-до WTF дар сабқати духтарон дар вазни то 44 кг барандаи медали биринҷӣ шуда буданд.
Ба иттилои Муҳаммадшо Абдуллоев, мудири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, гурӯҳи аввали варзишгарону мураббиёни тоҷик, ки ба ҳайати он, минҷумла, барандагони медалҳои Бозиҳои дувуми осиёии наврасон Зоир Шералиев ва Фаррухи Салим шомиланд, рӯзи 23-юми август тавассути ҳавопаймо бо хатсайри Нанҷинг – Урумчӣ – Душанбе озими Тоҷикистон шуданд. Баъди таваққуфи якрӯза дар шаҳри Урумчии Чин онҳо шаби 24-ум ба 25-уми август ба Душанбе мерасанд.
Гурӯҳи дувум бошад, пас аз ширкат дар маросими пӯшидашавии Бозиҳои дувуми осиёии наврасон, ки шоми шанбеи 24-уми август баргузор мешавад, тавассути ҳавопаймо бо хатсайри Нанҷинг – Урумчӣ – Душанбе ба Ватан бармегардад. Баъди таваққуф дар шаҳри Урумчӣ намояндагони Тоҷикистон шаби 28-ум ба 29-уми август ба Душанбе меоянд.
Нарзуллоҳи Латиф,
Радиои Озодӣ, Нанҷинги Чин.