Ин иттиҳод, ки аз ду ҳизби сиёсӣ – ҲНИТ ва ҲСДТ ва як силсила созмонҳои ғайридавлатӣ таркиб ёфтааст, мегӯяд, муҳлати президентиро аз ду даври ҳафтсолӣ ба ду чаҳорсола кам карда, салоҳиятҳои давлатиро байни президент, сарвазир ва парламент аз нав тақсим мекунад ва роҳбарии ҳокимияти иҷроияро ба зиммаи сарвазир мегузорад.
Бино бар “Консепсияи пешазинтихоботии ИНИТ парлумони кишвар якпалатагӣ буда, 150 аъзо дошта бошад - 90 вакил аз шаҳру ноҳияҳо ва 60 вакил аз ҳизбҳо ва пешниҳодҳои сарвазир, ки бояд аз сӯи президент тасдиқ шаванд. Гузашта аз ин, раисони вилоят, шаҳру ноҳия ва ҷамоатҳо, судяҳои ҳама зинаҳои судӣ интихобӣ шуда, раиси Комиссияи интихобот ва раъйгирӣ дар ҷаласаи парлумони Тоҷикистонро бо пешниҳоди ҳизбҳои сиёсӣ баргузида мешавад.
Эътилоф ин консепсияро барои номзади ягонаи худ, ки гуфта мешавад, дар ояндаи наздик маълум хоҳад гашт, омода кардааст. Ин номзад баъд аз мусоидат ба иҷрои барнома ва як давраи чаҳорсолаи раёсат ба истеъфо хоҳад рафт.
Вокунишҳо дар ҷомеа ба ин барнома гуногунанд. Бархе мегӯянд, ҳадаф аз ин консепсия нишон додани нуқтаҳои заъфи низоми феълист, зеро пирӯзии номзади мухолифон, ки бояд онро амалӣ кунад, дар шароити феълӣ суоломез ба назар мерасад. Бархе аз коршиносон мегӯянд, ин пешниҳодҳо нав набуда, дар гузашта низ матраҳ шудаанд. Як қисми онҳо, аз ҷумла дар гуфтушунидҳои сулҳи тоҷикон аз тарафи ИНОТ пешниҳод, аммо дертар рад шудаанд.
Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази мутолиоти стратегии назди раисҷумҳури Тоҷикистон ҳарчанд аз ин барнома истиқбол кард, ба иҷронашавандагии бархе аз нукоти он таъкид намуд: «Акнун оппозитсияи тоҷикро на фақат тоҷикистониён, балки тамоми дунё хоҳанд шинохт, ки чӣ имкону қудрати интеллектуалӣ доранд ва нақшаҳои онҳо чӣ аст. Ин кори мусбат аст, ҷиҳати манфиашро ман намебинам. Аммо ин, ки ин ҷо популизм аст ва ақидаҳое, ки оянда надоранд, вуҷуд доранд, низ воқеият аст».
Ҷаноби Сафаров меафзояд, мухолифин фикр мекунанд, ки чунин барномаро танҳо онҳо метавонанд амалӣ кунанд, ҳол он, ки ҳадафи ҳукумат ҳам дар дарозмуддат рӯи кор овардани як низоми демократист, аммо аз ироаи чунин «ақидаҳои инқилобӣ ва бемавқеъ» худдорӣ мекунад, чун хуб мефаҳмад, ки ҳанӯз шароити пиёда кардани онҳо пухта нарасидааст.
Сиёсатшинос Парвиз Муллоҷонов ҳам мегӯяд, ин барнома бо он вуҷуди он ки барои танзими як низоми одилона дар Тоҷикистон дигаргуниҳои куллиеро пеш мегузорад, тақозои замон аст, аммо аз ҷонибдор дида, мухолифи бештар дорад. Вай мегӯяд, таҷрибаи Қирғизистон нишон медиҳад, ки рӯи кор омадани ҳамчунин низом дар фазои собиқ Шӯравӣ имконнопазир аст: «Фарз кардем, ки мухолифин ба қудрат расиданд ҳам, амалӣ кардани ҳамаи паҳлӯҳои ин барнома имконпазир нест. Муқовимат зиёд мешавад. Аз сӯи сохтори расмӣ муқовимат зиёд мешавад. Ман намегӯям, ки ҳукумат. Мансабдороне ҳастанд, ки ба низоми феълӣ унс гирифтаанд ва сохтори нав барои онҳо бегона аст, наметавонанд. Сохторро дигар кардан осон, аммо мағзи инҳо ва ҳам мардумро ба якборагӣ намешавад дигар кард. Вазъият тезутунд мешавад, қурбонии зиёд ба бор меорад.»
Ин дар ҳолест, ки бисёре аз коршиносон ҳангоми баррасии мушкилоти умдаи ҷомеа мегӯянд, системаро бояд иваз кард, чун беҳтарин кадрҳоро низ система “мехӯрад” ва фурӯ мебарад. Ҷонибдорони ин тағйирот ҳамчунин мегӯянд, дар интизори «шароити мусоид» нишастан баҳонае беш нест ва таъхири ислоҳот низомро сол то сол ба сохти ғайри қобили ислоҳ табдил хоҳад дод.
Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ҳизби умдаи мухолифи давлат ва аз муаллифони Консепсия мегӯяд, монеаҳои дохиливу хориҷӣ ба рӯи кор омадани як низоми одилона раванди табиӣ аст: «Чаро мо бояд фақат фикри онҳоро кунем? Агар ба онҳо ҳавола кунем, дар Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ низоми демократӣ ва ҳеҷ ислоҳоте намешавад. Мо дар чунин вазъи душвор ва бӯҳронӣ хоҳем монд. Масъала ин аст, ки як гурӯҳ, бахусус нухбагони сиёсӣ ва фикрӣ, бо шинохти вазъият ва огоҳона ва донанд, ки дар дохилу хориҷ мухолифони ин ислоҳот ҳастанд, ҷасорат нишон диҳанду дунболи ин ислоҳот бошанд. Шумо фикр мекунед, дигар кишварҳое, ки ба низомҳои мардумӣ даст ёфтанд, ду даст болои ҳам нишастанд?»
Ҷаноби Кабирӣ мегӯяд, консепсияи мазкур на фақат барномаи мухолифин, балки тарҳе барои тамоми ҷомеаи Тоҷикистон аст ва иҷрокунандаи он ҳам мардуми кишвар хоҳанд буд.
Ба ақидаи коршиносон, Консепсияи пешазинтихоботии Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ) амалан нахустин барномаи интихоботи президентист ва ҳеҷ тарафе то ҳоло барномаи интихоботии худро дар миён нагузоштааст. Бархе аз онҳо бо ишора ба тавонмандиҳои мухолифон ҳазл мекунанд, ки “акнун фақат кори андаке монд, ки ин пешбарии номзади ягона ва пирӯзӣ дар интихобот аст”.