Полиси Русия дар бозори шаҳри Одинтсовои канори Маскав тахминан 1800 муҳоҷири кории ғайриқонуниро боздошт намудааст.
Вазорати корҳои дохилии вилояти Маскав мегӯяд, аз ин миён 240 нафар бо поймол намудани қонунҳои муҳоҷират муттаҳам шуда, 68 каси дигар бо таҳияи асноди қалбакӣ ва ташкили муҳоҷирати ғайришаръӣ айбдор дониста шудаанд.
Аз моҳи июл ба ин тараф мақомоти Русия ҳазорҳо муҳоҷири ғайрирасмӣ, асосан муҳоҷирон аз Осиёи Марказиро боздошт кардаанд. Камаш 600 нафари онҳо ва аз ҷумла наврасон, дар як урдугоҳи Маскав ҷой дода шудаанд. Ҳомиёни ҳуқуқи башар талаб доранд, ки ин урдугоҳ баста шавад.
Сафорати Тоҷикистон дар Маскав мегӯяд, аз байни 106 муҳоҷири тоҷик, ки рӯзҳои ахир боздошт шуда буданд, 48 нафар дар боздоштҳо боқӣ мондаанд.
Бар илова аз миёни 10 муҳоҷири ғайриқонунии тоҷик, ки аз урдугоҳи Голяново ба боздоштгоҳи муваққат интиқол ёфта буданд, аллакай ду нафар ба Тоҷикистон баргаштанд.
Сафорати Тоҷикистон боздоштшудаҳои боқимондаро бо ғизо ва ашёи ниёзмандии аввалия таъмин кардааст.