Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зиёиён алайҳи Тутубалина ба додгоҳ шикоят бурданд


Олга Тутубалина
Олга Тутубалина

Иттиҳодияҳои фарҳангии Тоҷикистон аризаи шикояти худро алайҳи ҳафтаномаи "Азия плюс" ва рӯзноманигори он Олга Тутубалина ба Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахт ирсол карданд.

Масъули Шуъбаи қабули номаҳои додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ рӯзи 15-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аризаи 5 созмонҳои фарҳангӣ рӯзи гузашта расман қабул ва барои истеҳсолоти судӣ фиристода шуд. Зимнан, Шӯҳрат Қудратов, вакили мудофеи "Азия плюс" низ ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, ки дар ин навбат иттиҳодияҳои фарҳангӣ аризаи худро ба забони тоҷикӣ ба додгоҳ пешниҳод кардаанд.

Даъвогари асосӣ Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буда, ин муассисаро дар ин даъво Фарҳангистони улум, Иттиҳодияҳои рассомону оҳангсозону меъморон ва номзади илми тиб, устоди кафедраи амрози пӯст ва амрози ҷинсии Донишгоҳи тибб Дилбар Абдиева ҳамроҳӣ мекунанд.

Онҳо дар даъвои худ гуфтаанд, матлаби Олга Тутубалина бо номи «Ғайризиёиёна дар бораи зиёиён» («Неинтеллигентно об интеллигенции») “эътибори касбии як гурӯҳи бузурги мардум, яъне як гурӯҳи иҷтимоиро, ки афроди машғули меҳнати фикрӣ ва дорои маълумоти барои анҷоми ин кор лозим, аз қабили муҳандисон, табибон, омӯзгорон, ҳуқуқшиносон, кормандони илму фарҳанг ва ходимони давлатиро фаро мегирад, паст мезанад."

Қаблан, ин иттиҳодияҳо ба Додгоҳи иқтисодии пойтахт алайҳи Тутубалина шикоят оварданда буданд, аммо бинобар ба забони русӣ пешниҳод шудани ариза ва рабт надоштани он ба масоили иқтисодӣ, пас гардонида шуда буд.

Онҳо дар даъво худ ҳамчунин гуфтаанд, ки Тутубалина дар матлаби худ зиёиёнро ба “наҷосат” монанд кардааст, ки ба ҳақиқат рост намеояд. Дар ин даъво аз ҷумла аз фарҳангҳои тафсирӣ иқтибос шудааст, ки дар он вожаи “наҷосат” ҳамчун чизҳои беҳуда ва тамоман нолозим тафсир мешавад. Ба бовари даъвогарон, Тутубалина бо корбурди ин вожа зиёиёнро таҳқир карда, ба онҳо осеби маънавӣ расондааст, ки намунааш азобу машаққати ахлоқӣ ва зиёнест, ки ба ашхоси ҳуқуқӣ, аз ҷумла ба ҷонибҳои даъвогар расидааст. Даъвои дигари созмонҳои эҷодӣ ин аст, ки Олга Тутубалина дар матлабаш суханони асосгузори давлати Шӯравӣ Владимир Ленинро ба таври инҳирофомез овардааст.

Хабарнигори “Азия Плюс” дар матлаби Ғайризиёиёна дар бораи зиёиён» («Неинтеллигентно об интеллигенции»), ки се моҳ пеш ба муносибати бозгашти шоири маъруф Бозори Собир аз Амрико нашр кард, суханони Владимир Ленинро, ки гуфтааст, «Зиёиён на мағзи миллат, балки наҷосати онанд», иқтибос оварда, гуфтааст, ки натанҳо Бозори Собир, балки хеле дигар аз зиёиёни тоҷикро, ки корашон ба ҷуз лаганбардории ҳукумат нест, низ метавон айни баҳои Ленинро дод.

Дар пайи нашри ин матлаб раҳбарони иттиҳодияҳои эҷодӣ ва донишгоҳҳои олӣ ин суханони рӯзноманигорро таҳқири тамоми зиёиёни Тоҷикистон хонда, билофосила таҳдид карданд, ки ба додгоҳ шикоят хоҳанд бурд. Аммо Олга Тутубалина, муҳаррири ҳафтаномаи “Азия Плюс” ба дунболи ин сӯҳбати Меҳмон Бахтӣ ба Озодӣ гуфт, мавқеъашро нисбат ба зиёиёни тоҷик дигар накардааст.
XS
SM
MD
LG